Саидмаҳмад Олов
Саидмаҳмад Олов (Олов Саидмаҳмад; 20 майи 1951, деҳаи Зосун, ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд) — номзади илмҳои педагогӣ (1984), дотсент (1986), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1996).
Саидмаҳмад Олов | |
Акс:Олов Саидмаҳмад.png | |
Таърихи таваллуд | 20 май 1951 (73 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Зосун, ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Муассисаи давлатии таълимӣ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика ,(1984) |
Унвонҳои илмӣ | дотсент (1986) |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатӣ омӯзгории Москва ба номи В.И. Ленин (1984) |
Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи Тоҷикистон, (1996) |
Зиндагинома
вироишСаидмаҳмад Олов 20 майи соли 1951 дар деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1967 мактаб – интернати ба номи Н.К.Крупскаяи шаҳри Бустон (Чкаловск )-ро хатм намудааст. Солҳои 1968 – 1973 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров) таҳсил кардааст.
Фаъолияти корӣ
вироишСоли 1968 ба шуъбаи нақшакашӣ, расмкашӣ ва меҳнати факултети физика ва математикаи ДДОЛ ба номи С.М.Кирови шаҳри Хуҷанд (собиқ Ленинобод) дохил шуда, соли 1973 бо ихтисоси муаллими нақшакашӣ, расмкашӣ ва таълими меҳнати донишкадаи мазкурро хатм кардааст.
- Солҳои 1973 – 1974 хизматро дар сафи артиши Иттиҳодаи Шӯравӣ гузаштааст. (Ҷумҳурии Демократии Олмон)
- Солҳои 1974 – 1979 омӯзгори кафедраи нақшакашӣ ва усули таълим.
- Солҳои 1979 – 1980 коромӯз, тадқиқотчии ДДОМ ба номи В.И.Ленини, шаҳри Москва.
- Солҳои 1980 –1983 аспиранти шуъбаи рӯзонаи ДДОМ номи В.И. Ленини шаҳри Москва
- Солҳои 1980- 1982 раиси ташкилоти аспирантони ДДОМ ба номи В.И. Ленини шаҳри Москва интихоб гардида, ду сол дар корҳои ҷамъиятии донишкада хидмат кардааст.
- Соли 1983 рисолаи номзадии худро ба ҳимоя пешкаш намуда, ба донишкадаи маҳбуби худ баргашта дар вазифаи сармуаллими кафедраи нақшакашӣ, ҳандасаи тасвирӣ ва усули таълим фаъолият бурдааст..
- Соли 1984 рисолаи номзадии худро таҳти роҳбарии олими шинохта, профессор Анисимов Николай Никитович дар мавзӯъи “Муаммоҳои дидактикӣ ва ташаккули лаёқатҳои эҷодии донишҷӯён дар мактабҳои олӣ”, (дар мисоли сохтан ва истифода бурдани плакати таълими аз нақшакашӣ)-ро дар Шӯрои ДДОМ номи В.И. Ленини шаҳри Москва ҳимоя кардааст.
- Солҳои 1984 – 1986 н.и.п., сармуаллими кафедраи нақшакашӣ, ҳандасаи тасвирӣ ва усули таълим.
- Солҳои 1986 – 1996 дотсент, декани факултети рассомӣ – графикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров интихоб шудааст. Дар давоми 10 соли сарварии ӯ, ҷомеаи факултет ба нишондодҳои назаррас дар раванди таълим, соҳаи илм ва фаъолияти эҷодӣ, расидааст.
- Солҳои 1996 – 2001 ба вазифаи мудири кафедраи нақшакашӣ, ҳандасаи тасвирӣ ва усули таълим интихоб шудааст.
- Соли 2001 – навбати сеюм ба вазифаи декани факултети рассомӣ – графикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъйин гардида, то соли 2007 дар ин вазифа фаъолият бурдааст. Дар давоми 6 соли навбатии декании С.Олов факултети рассомӣ-графикӣ ба қатори факултетҳои пешқадами Донишгоҳ ворид шуда сазовори факултети беҳтарину ободтарин гардад. Ҷомеаи факултет таҳти роҳбарии С.Олов се маротиба ғолиби мусобиқаҳо гашта созовори туҳфаҳои молиявӣ гаштааст.
- Аз майи 2007 то 2015 ба вазифаи мудири кафедраи нақшакашӣ, ҳандасаи тасвирӣ ва усули таълим таъйин шуда, фаъолияти таълимӣ ва илмии кафедраро баланд бардоштааст.
- Аз соли 2015 то инҷониб дотсенти кафедраи нақшакашӣ, ҳандасаи тасвирӣ ва методикаи таълим шуда фаъолият бурда истодааст. Олов С. номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон , ба корҳои таълиму тарбиявӣ ва илмӣ машғул шуда насли наврасро ба амали гардонидани Қарорҳои Ҳукумати мамлакат равона сохта истодааст. С.Олов роҳбари маҳфили “Фарҳангӣ-бадеии, Одоби ҳамида” буда ба масъалаи тарбияи ахлоқии насли наврас эътибори ҳамарӯза дода истодааст.
Фаъолияти илмӣ
вироишФаъолиятҳои илмии ӯ ба масоили методикаи таълими нақшакашӣ ва геометрияи тасвирӣ дар мактабҳои олӣ равона шудааст. Солҳои 1979 – 1980 коромӯз, тадқиқотчии ДДОМ ба номи В.И.Ленини, шаҳри Москва. Солҳои 1980 –1983 аспиранти шуъбаи рӯзонаи ДДОМ номи В.И. Ленини шаҳри Москва Соли 1983 рисолаи номзадии худро ба ҳимоя пешкаш намуда, 14-ӯми марти соли 1984 таҳти роҳбарии олими шинохта, профессор Анисимов Николай Никитович дар мавзӯъи “Муаммоҳои дидактикӣ ва ташаккули лаёқатҳои эҷодии донишҷӯён дар мактабҳои олӣ”, (дар мисоли сохтан ва истифода бурдани плакати таълими аз нақшакашӣ)-ро дар Шӯрои ДДОМ номи В.И. Ленини шаҳри Москва ҳимоя кардааст.
Осори илмӣ
вироишДотсент Олов Саидмаҳмад муаллифи бештар аз 50 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла дастурҳои методӣ, раҳнамоҳои таълим ва китоби дарсӣ ба нашр расонидааст.
Китобҳо (Монографияҳо)
вироиш- Методика изготовления учебных плакатов по черчению (из опыта проведения спецкурса по методике преподования черчения Методические рекомендации к проведению учебных занятий по начертательной геометрии и черчению в педагогическом институте и школе. Сборник статей, МГПИ им. В.И.Ленина, - Москва. 1981. – С. 55 – 61.
- Методические указания к вҷполнению курсовҷх работ по методике обучения черчению. ВГПИ им. С.М.Кирова. (Для студентов ХГФ) – Витебск, 1983
- Аёният дар таълими нақшакашӣ. Маҷаллаи “Мактаби Советӣ”, №9, -Душанбе 1983. – С. 42 – 44.
- Дидактические проблемы развития творческих способностей студентов (на примере изготовления и использования учебного плаката по черчению) Автореферат кандидатской диссертации, МГПИ им. В.И.Ленина, г. Москва, 1984г.
- Худжандский государственный университет в цыфрах и фактах. Нашриёти “Нури маърифат”, - Худжанд, 1992 с.
- Художественно – графический факультет. Худжандский государственный университет, Энциклопедический справочник, г. Худжанд, 1992. – С. 64 – 66.
- Подготовка учителей к урокам. Вопросы истории, теории и методики преподования графических дисциплин. Сборник статей, №1,- Худжанд 1994. – С. 14 – 17.
- Учёт успеваемости учащихся как движущая сила в преобразовании их деятельности. Вопросы истории, теории и методики преподавания графических дисциплин. Сборник статей №2. – Худжанд, 1996. –С. 9 – 11.
- Формирование пространственного представления как переломная стадия познавательной деятельности. Вопросы истории, теории и методики преподавания графических дисциплин. Сборник статей №2. – Худжанд, 1996. – С. 39 – 42.
- Общие вопросы развития творческих способностей личности. Тезисы докладов международной научно-практической конференции “Педагогика народов Центральной Азии и современная проблема воспитания”, -Худжанд, 1996. – С. 109.
- Дастури методӣ аз геометрияи тасвирӣ, Нашриёти “Нури маърифат”, - Хуҷанд 1996. – 46 с.
- Ҳандасаи тасвирӣ. Раҳнамои таълим (қисми якум). Нашриёти “Нури маърифат”, Хуҷанд 2002. - 48с.
- Ҳандасаи тасвирӣ. Раҳнамои таълим (қисми дуюм) Нашриёти “Нури маърифат”, Хуҷанд 2003. - 48с.
- Дастури методӣ барои ҳалли корҳои амалӣ аз геометрияи тасвирӣ. Нашриёти “Нури маърифат”, Хуҷанд 2010. – 47с.
- Нақши ҳалли масъалаҳои графикӣ дар ташаккулдиҳии тасаввуроти фазоии донишҷӯён. Масъалаҳои таърих, назария ва методикаи таълими фанҳои графикӣ. Маҷмуӣ мақолаҳо. Бахшида ба 105-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, -Хуҷанд 2014. – С. 68 –73.
- Проблема развития творческих способностей студентов – дизайнеров и пути его решения. Вопросы истории, теории и методики преподавания графических дисциплин. Сборник статей, - Худжанд, 2014. – С 73–77.
- Систематизатсия формирования графических знаний студентов на занятиях начертательной геометрии. Материалы научно – методического семинара. ГМИТ, - Чкаловск, -2014. –С. 41-45
- Усули давргардонӣ дар ҳалли масъалаҳои графикӣ. Маводҳои конфронси V илмӣ – амалӣ байналмилалӣ, Чкаловск 2014. – С. 32-35.
- Олими фозил ва марди наҷиб. Шамси маърифат. Маҷмуи мақолаҳо бахшида ба 60 солагии номзади илмҳои филологӣ, дотсент Муҳаммадиев Ш. Ношир, -Хуҷанд, 2017. –С. 15-20.
- Роҳ ва усулҳои табдили нақшаи шаклҳои геометрӣ дар проексияҳои ортогоналӣ. Маводҳои конфренсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ “Муаммоҳои соҳаҳои металургия, сохтмон, корҳои маркшейдкрӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо дар замони муосир”. ДКМТ Бустон 2018. -С. 87-90.
- Нақши дарсҳои иловагӣ дар ташаккул додани дониши графикии донишҷӯён. Маводҳои конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ “Муаммоҳои соҳаҳои металлургия, сохтмон, корҳои маркшейдерӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо дар замони муосир”. ДКМТ Бустон 2018.
Дастурҳои методӣ
вироиш- Дастури методӣ аз ҳандасаи тасвирӣ, Нашриёти “Нури маърифат”, - Хуҷанд, 1996. 48 с.
- Дастури методӣ аз геометрияи тасвирӣ, Нашриёти “Нури маърифат”, 2003. -46 c.
- Ҳандасаи тасвирӣ. Раҳнамои таълим (қисми якум) Нашриёти “Нури маърифат”, Хуҷанд 2002. - 48с.
- Ҳандасаи тасвирӣ. Раҳнамои таълим (қисми дуюм) Нашриёти “Нури маърифат”, Хуҷанд 2003. - 48с.
- Дастури методӣ барои ҳалли корҳои амалӣ аз геометрияи тасвирӣ. Нашриёти “Нури маърифат”, - Хуҷанд 2010. – 47с.
- Геометрияи тасвирӣ (китоби дарсӣ). Таҳияи С.Олов, Ю.Юсупов, Ш.Тойирова.- Хуҷанд: Нури маърифат- 2016.178 саҳ.
- Нақшакашӣ. Дастури методӣ (қисми дуюм), Нашриёти “Нури маърифат”, -Хуҷанд
- Нақшакашӣ. Дастури методӣ (қисми дуюм), Нашриёти “Нури маърифат”, -Хуҷанд
Ҷоизаҳо
вироиш- Аълочии маорифи Тоҷикистон (1996)