Саидмурод Самиев
Саидмурод Ҳайдарович Самиев (тав. 29.05.1944, деҳаи Ночии болои ноҳияи Ҳисор), физик ва кимиёшинос, номзади илмҳои химия (1980).
Зиндагинома
вироишСолҳои 1964–1969 дар факултети физика-математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин таҳсил намудааст. Соли 1969 ассистенти кафедраи физикаи назариявӣ, 1970–1975 ассистенти кафедраи физикаи умумии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, 1975–1978 аспиранти Институти химияи умумӣ ва ғайриорганикии ба номи Н.С.Курнокови АИ ИҶШС, 1979–1989 муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва назариявии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкобуд. Аз соли 1989 ҳамчун дотсенти кафедраи физикаи умумии донишкадаи омӯзгорӣ фаъолият дошт. Ҳамзамон, солҳои 1973–1974 коромӯзи Институти физикаю техникаи АИ ҶШС Тоҷикистон ба номи С.У. Умаров буд. Оид ба тадқиқоти физикӣ-химиявии фосфидҳои кадмий ва рӯҳ, инчунин физикаи кристаллҳо корҳои илмӣ анҷом дода, зиёда аз 40 номгӯи корҳои илмӣ ва илмию методӣ ба нашр расонидааст.
Осор
вироишТадқиқи хосиятҳои физикӣ-химиявии кристаллҳо, Д., 1991.
Пайвандҳо
вироишИн мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |