Саиднеъмон Раҷабов
Саиднеъмон Мулоҷонович Раҷабов (тав. 18.05.1958, ноҳияи Тоҷикобод), муаррих, номзади илмҳои таърих (2010).
Зиндагинома
вироишСолҳои 1978–1983 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1983–1984 мудири кабинети кафедраи фалсафаи донишкадаи номбурда, 1984–1985 муаллими фанни таърих ва ҷамъиятшиносии мактаби №18 ноҳияи Тоҷикобод, 1986–1991 ҷонишини директори Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 39 ноҳияи Тоҷикобод, 1991–1996 директори мактаби таҳсилоти умумии №2 ноҳияи Тоҷикобод, 1996–1999 ассистент, муаллими калони кафедраи таърихи умумӣ, 1997–2000 муовини декани факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев оид ба корҳои тарбиявӣ буд. Аз соли 2008 роҳбари бахши таҷрибаомӯзии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мебошад. Муаллифи зиёда аз 14 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ аст. Оид ба ҳаракатҳои миллию озодихоҳии халқҳои Мовароуннаҳру Хуросон кори илмӣ бурдааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2002) сарфароз карда шудааст.
Осор
вироишИсторические предпосылки начала консолидации таджиков при арабском халифате, Д., 2009; Отражение борьбы таджикского народа против арабского халифата в трудах русских советских историков-востоковедов первой половины ХХ в. // дар кит. Бобоҷон Ғафуров ва рушди таърихнигории миллӣ, Д., 2009; Шароитҳои таърихии зуҳури мазҳаби Имоми Аъзам // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Д., 2009, №3 (51); Начало борбы таджиков против арабских завоевателей // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Д., 2009, №6 (54).
Пайвандҳо
вироиш
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |