Қосим Саидов
Қосим Ҳасанович Саидов (27 декабри 1928, Бухоро — 19 июни 1995, Душанбе) — физикдон, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент.
Зиндагинома
вироишСолҳои 1947—1951 дар факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1951—1954 аспиранти АИ Тоҷикистон дар назди Донишгоҳи ш. Одесса буд. Солҳои 1954—1957 ҳамчун ходими илмии обсерватория, 1957—1960 муаллими калони кафедраи физикаи Донишкадаи политехники Тоҷикистон, 1961—1966 дотсент ва мудири кафедраи физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1966—1978 мудири озмоишгоҳи Институти астрофизикаи АИ Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1978—1989 ба ҳайси дотсент ва мудири кафедраи астрофизикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, 1989—1995 дотсенти кафедраи физикаи назариявии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко фаъолият дошт. Муаллифи зиёда аз 50 корҳои илмӣ ва 100 мақолаҳои илмию оммавӣ мебошад.
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |