Саидолим Комилҷон Саидмирзо

адабиётшинос, номзади илмҳои филология (2003)

Саидолим Комилҷон Саидмирзо (тав. 10.05.1968, д. Падроғи н. Масчо) — адабиётшинос, номзади илмҳои филология (2003).

Саидолим Комилҷон Саидмирзо
Саидолим Комилҷон Саидмирзо
Таърихи таваллуд 10 май 1968(1968-05-10) (56 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Масчо ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Зиндагинома

вироиш

Саидолим Комилҷон Саидмирзо хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (1986- 1993). Аспиранти кафедраи адабиёти ДДОТ (1993-1997), омӯзгори кафедраи забонҳои Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993-1998), нозири калони шуъбаи кадрҳои Академияи ВКД ҶТ (1998-2000), ходими калони илмии шуъбаи илм ва табъу нашри Академияи ВКД ҶТ (2000-2004, сардори шуъбаи ташкилӣилмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД ҶТ (2004-2006), мудири кафедраи забонҳои Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006-2011), ноиби ректори ДИТ ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа оид ба тарбия (2012-2014), ноиби ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа оид ба илм ва робитаҳои хориҷӣ (2014-2017). Аз соли 2017 инҷониб дар вазифаи омӯзгори калони кафедраи назария ва амалияи забоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аст.

  • Тасвири инсон дар ҳикояву тамсилоти «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ. Д., 2007;
  • Фарҳанги сиёсӣ (дастури таълимӣ), (ҳаммуаллиф). Д., 2007;
  • Этикаи касбӣ ва корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ (дастури методӣ) (ҳаммуаллиф). Д., 2008;
  • Краткий словарь общеисламских терминов (ҳаммуаллиф). Д., 2015;
  • Фарҳанги калима, ибора ва истилоҳоти исломӣ (дастури таълимӣ бо забони англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ ҳаммуаллиф. Д., 2015;
  • Таҳияи кори (лоиҳаи) курсӣ аз рӯи барномаи бакалавриат (дастури методӣ). Д., 2016;
  • Таҳияи кори (лоиҳаи) дипломӣ аз рӯи барномаи бакалавриат (дастури методӣ). Д, 2016.

Пайвандҳо

вироиш