Сайидҷаъфари Қодирӣ (20 январи 1940[1], ноҳияи Москва) — физикдон ва омӯзгори тоҷик, номзади илмҳои техникӣ (1971), дотсент (1973).

Саидҷаъфар Қодирӣ

Зиндагинома

вироиш

Саидҷаъфар Қодирӣ 20 январи соли 1940 дар ноҳияи Москва ба дунё омадааст.  Хатмкардаи факултаи физикаи ДДТ (1962). Аспирантураи Пажўҳишгоҳи кӯҳшиносии Москва ба номи А.А. Скончинский (1970).

Корнома

вироиш

Солҳои 1962-1963 лаборант, 1963-1966 ассистент, 1966-1972 муаллими калон, 1973-1998 дотсенти ДДТ, солҳои 1998-2006 дотсенти Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Айнӣ буд. Аз соли 2006 дотсенти кафедраи ҳастаи атоми ДДМТ.

Соли 1971 дар мавзӯъи: «Ангехти фаъолсозонаи ҳастаҳои атомии баъзе унсурҳои кимиёӣ ва василаи вокуниши бо мақсад таҳлил кардани канданиҳои судманд» (роҳбари илмӣ-профессор Л.П. Старчик, ш. Москва) рисолаи номзадӣ дифо кард. Риштаҳои асосии пажўҳиши Қодирӣ таҳлили фаъолсозонаи канданиҳои судманд, истилоҳоти илмӣ ва забони баёнҳои илмӣ буда, ҳадафи пажўҳишҳои ў  бунёд сохтани забони баёнҳои илмӣ, осон гардонидани таълими физика, риёзиёт, нақшакашӣ мебошад.

Таълифот

вироиш

Муаллифи зиёда аз 270 китобу рисола, тарҷумаҳо, таҳрирҳо, таҳияҳо ва мақолаҳост, ки дар риштаи  физика ва усули таълими он, истилоҳшиносӣ эҷоди истилоҳот ва баъзе масъалаҳои забоншиносӣ таълиф шудаанд.

  1. Бибикубрия Қурбонова, Ҳусния Назарова. Муаллифи Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти физика 80-сола шуд. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (24 Январ 2020).

Адабиёт

вироиш
  • Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. — Душанбе, 2008. — С. 145—146.