Саидҷон Қодирӣ (1962, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — коргардони синамо.

Саидҷон Қодирӣ
Таърихи таваллуд: 1962(1962)
Зодгоҳ: Душанбе, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: коргардон

Зиндагинома вироиш

Хатм­кардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода. Солҳои 1981—1985 дар киностудияи «Тоҷикфилм» ба сифати коргардони дуюм, ёвари коргардон фаъолият намуда, аз соли 1986 дар Телевизиони Тоҷикистон кор мекунад. Видеофилмҳои «Ашки зиндагӣ», «13 соли Истиқлоли Тоҷикистон», «Ошёни хуршед», филми фантастикии «Муҳити 44 — 44», филм-консерти кӯдаконаи «Уқобчаҳо майли парвоз доранд», филм-консерти «Тоҷиддин Муҳиддинов месарояд», филми ҳунарии «Гулистон»-и Саъдӣ, филми бадеии «Гирдоб» ва ғайра таҳия кардааст. Муваффақияти бештар ба ӯ филмҳои бадеии бисёрқисматаи телевизионии «Дар орзуи падар» ва «Шоҳин» овардаанд.

Осор вироиш

  • Режессураи телевизион, кино ва радио, Д., 2011.

Адабиёт вироиш

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.