Сайвалӣ Раҳмонов
Сайвалӣ Раҳмонов (тав. 07. 07. 1939, ноҳияи Восеъ), педагог,номзади илмҳои педагогӣ (1974), дотсент (1978).
Зиндагинома
вироишСолҳои 1954–1958 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории ш. Кӯлоб, 1958–1962 дар шуъбаи методикаи таълими ибтидоии факултети педагогикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1962–1968 ассистенти кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ, 1968–1971 ассистенти кафедраи психология, 1971–1974 аспирант, 1975–1980 муаллими калон ва дотсенти кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоии донишкадаи омӯзгории пойтахт буд. Солҳои 1980–1986 ҳамчун декани факултети педагогика, 1986–1992 дотсенти кафедраи психология, 1992–1999 дотсенти кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев кор кардааст. Якчанд маротиба курси такмили ихтисосро дар назди Донишгоҳи давлатии ш. Москва ба номи М.В. Ломоносов гузаштааст.
Фаъолияти илмӣ
вироишОид ба нақши равишҳои маърифатӣ дар ташаккули шахсияти кӯдакони синни калони мактабӣ тадқиқоти илмӣ бурда, муаллифи зиёда аз 20 дастуру воситаҳои таълимӣ ва мақолаҳои илмиву методӣ аст. Хидматҳояш бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1981), медали «Барои меҳнати шоён» (1985) ва ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шудааст.
Осор
вироиш- Модари ҷон – модарам (Тавсияи методӣ), Д., 1985;
- Корҳои мустақилона аз психологияи инсон барои донишҷӯёни шуъбаи ғоибонаи факултети педагогика (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1997.
Пайвандҳо
вироишИн мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |