Сайид Муҳаммадалӣ Доъиюлислом

Доъиюлислом (форсӣ: داعی الاسلام‎) Сайид Муҳаммадалӣ фарзанди Ҳасани Ҳасании Эронӣ (6 ноябр 1878, Омул, Устони Мозандарон9 май 1954) — шоир, адиб, фарҳангнависи эронӣ.

Сайид Муҳаммадалӣ Доъиюлислом
Таърихи таваллуд: 6 ноябр 1878(1878-11-06)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 9 май 1954(1954-05-09) (75 сол)
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар Омул Қуръон, хушнависӣ, сарфу наҳви арабӣ, фиқҳ, ҳикматро аз худ намудааст. Дар мадрасаи «Сипаҳсолор»-и Теҳрон ва дар Исфаҳон улуми мутадовилаи давр, инчунин забони англисиву иброниро омӯхт. Ҳангоми зиндагонӣ дар Исфаҳон мудири маҷаллаи «Маҷаллату-л-ислом» буд, ки дар он оид ба мубоҳисаҳояш бо масеҳиён мавод чоп кард. Ҳукмрони давраш — Музруддиншоҳ (ҳукмронӣ 1895—1906) ба ӯ лақаби «Доъиюлислом»-ро дод. Пас аз адои фаризаи ҳаҷ (1866) ба Ҳиндустон рафт. Дар Бамбай маҷаллае бо номи «Даъвати исломӣ» таъсис намуд. Ба Ҳайдарободи Дакан омад ва устоди Донишгоҳи Усмонияи ин шаҳр шуд. Дар ин давра ӯ забонҳои урду, гуҷаротӣ, авестоӣ, паҳлавӣ, санскритро аз бар кард. Бо дархости ҳукумати Ҳайдарободи Дакан ба тартиб додани фарҳанги тафсирии форсӣ даст зад, ки он дар панҷ ҷилд бо номи «Фарҳанги Низом» соли 1927 дар Ҳайдаробод, инчунин 1928 бо номи «Низоми Дакан» дар ҳамин ҷо чоп шуд. Дар айёми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба Эрон омад. Доъиюлислом якчанд асар, аз қабили «Иқбол ва шеъри форсӣ» (Ҳайдаробод, 1927), «Хатти осон барои таълими умумӣ», «Хатти Доъӣ» (Ҳайдаробод, 1939), «Хатти лотин барои форсӣ» (Ҳайдаробод, 1929), «Шеъру шоирии асри ҷадиди Эрон» (Ҳайдаробод, 1927) ва ғ. навиштааст. Яке аз корҳои муҳимми Доъиюлислом тарҷумаи бахши «Вандидод»-и Авесто ба забони форсӣ мебошад (Ҳайдаробод, 1949). Доъиюлислом дар навъҳо ва шаклҳои адабии қасида, ғазал, маснавӣ, мусаммат ба сабки ҳиндӣ шеър эҷод мекард, вале ашъораш ҷамъоварӣ нашудаанд.

Адабиёт

вироиш