Саййидсӯҳроби Валии Бадахшонӣ
Бадахшонӣ بدخشانی Саййидсӯҳроби Валӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — нависандаи маъруф ва орифи низории давраи баъд аз Аламут.
Зиндагинома
вироишДар бораи шарҳи ҳолу зиндагии Б. маълумоти кофӣ дастрас нест. Аз мушаххасот ҳамин маълум аст, ки дар ибтидои садаи XV дар минтақаи Кӯҳистони Бадахшон дар аҳди имомони муҳаммадшоҳӣ — Тоҳир ибни Разиюддин (1464) ва Разиуддини II (1509) зиндагӣ кардааст. Б. дар масири фаъолияти эҷодиаш китобҳои мазҳабии ҷолибе таълиф карда, ки «Сию шаш саҳифа», «Равзату-л-мутааллимин», «Асрор-ун-нутфа», «Рисолаи ҳудудия» аз зумраи онҳоянд. Бахусус китоби «Сию шаш саҳифа» (китобҳои диг. Б. ҳанӯз дастраси муҳаққиқин нагардидаанд), ки ба номи «Саҳифат-ун-нозирин» низ маълум аст, дар байни исмоилиёни Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон, шим. Покистон (вил-ҳои Ҳунзо ва Читрол) хеле маъруфият дорад ва нусхаҳои хаттии он дар дасти мардум бисёранд. Дар ин китоб дар бораи офариниш, кайҳоншиносӣ, ақли кулл, нафси кулл ва диг. матлабҳои вобаста ба фалсафаи мовароуттабиа, мабдаъ ва маод, биҳишту дӯзах, таъвилот, нубувват ва имомат сухан меравад, ки барои таҳқиқи ақидаҳои низории баъди давраи Аламут маълумоти арзишманд дорад.
Осор
вироиш- بدخشانی سیید سهراب ولی. سیوشش سحیفه، به کوشش حسین اوچاقی. تهران، ۱۳۳۹.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Фарҳод Дафтарӣ. Исмоилиён: таърих ва ақоид/ Аз англисӣ тарҷ. Абдуссалом Маҳмадназар, М., 1999.
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.