Сайфиддин Давлатзода
Сайфиддин Давлатзода (Давлатзода Сайфиддин Хайриддин; зод. 25 сентябри 1970, деҳаи Талхоб, ноҳияи Данғара) — зистшинос, доктори илмҳои биология (2013)[1], узви вобастаи АМИТ (2017).
Таърихи таваллуд | 25 сентябр 1970 (54 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Данғара |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе (1996) |
Зиндагинома
вироишСайфиддин Давлатзода 25 сентябри соли 1970 дар деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара ба дунё омадааст[2]. Баъди хатми мактаби миёна соли 1988 дар идораи савдои шаҳри Норак ба ҳайси борбардор фаъолияти худро оғоз намудааст Солҳои 1988—1990 дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Иттифоқи Советӣ хидмат кардааст. Соли 1991 дар мактаби миёнаи рақами 51-и ноҳияи Данғара ба ҳайси сарпешоҳанг кор карда, соли 1991 ба факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ. Ш. Ҷӯраев дохил шуда, соли 1996 факултети мазкурро хатм намудааст.
Солҳои 1998—2000 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Институти ботаникаи АИ ҶТ таҳсил кардааст[3]. Рисолаи номзадӣ ва докториро солҳои 2005 ва 2013 дар шаҳри Новосибрскии Шуъбаи сибирии Академияи илмҳои Федератсияи Русия дифоъ намудааст.
Хонавода
вироишОиладор, соҳиби 4 фарзанд аст.
Корнома
вироиш- 1996—1998 — ба ҳайси ассистенти кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон;
- 2000—2005 — омӯзгори калони кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии ДАТ;
- 2006—2007 — дотсенти кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон;
- 2007—2009 — ба ҳайси мудири кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон;
- 2009—2010 — мутахассиси пешбари Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф;
- 2010—2014 — сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф;
- 2014—2015 — сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм;
- 2015—2018 — сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 2018—2020 — муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 45 аз 24 январи соли 2020 ректори Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таъйин шудааст.
Таълифот
вироишМуаллифи беш аз 60 мақолаи илмӣ, се монография, 5 барномаи таълимӣ, 4 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ мебошад
Ҷоизаҳо
вироишБо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф (2009), нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2011) ва медали «Хидмати шоиста» (2021)[1] қадрдонӣ шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Давлатзода Сайфиддин Хайриддин // Донишномаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. — Д. : СИЭМТ, 2021 С. 48-49. — 328 с. — ISBN 978-99985-0-003-7
- ↑ Давлатзода Сайфиддин. hkhdtkhatlon.tj. 3 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 феврали 2023.
- ↑ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин — Доктори илмҳои биологӣ. Донишгоҳи давлатии Бохтар. 3 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 май 2022.