Сайфиддин Исроилов

Сайфиддин Исроилов (тав. 10.04.1948, ноҳияи Мӯминобод) — риёзидон, номзади илмҳои физика-математика (1982), дотсент (1984).

Сайфиддин Исроилов
Сайфиддин Исроилов
Таърихи таваллуд 10 апрел 1948(1948-04-10) (76 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Муъминобод
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулоҳ Рӯдакӣ

Зиндагинома

вироиш

Соли 1969 Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм кардааст. Солҳои 1969–1970 муаллими кафедраи математикаи олӣ ва ҳисоббарорӣ, 1971–1975 муаллими калони кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои донишкадаи номбурда, 1975–1980 коромӯз ва аспиранти Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Ленинград ба номи А.И. Гертсен, 1980–1998 муаллими калон ва дотсенти кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулоҳ Рӯдакӣ буд. Аз соли 1998 дотсенти кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва аз соли 2008 декани факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ. Ҳамзамон солҳои 1982–1987, 1992–1998 вазифаи мудири кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои донишгоҳи омӯзгорӣ, 1998–2005 вазифаи директори литсейи назди донишгоҳи омӯзгориро ба уҳда дошт. Оид ба тавзеҳи нимгурӯҳҳои тартибнок нисбат ба предикатҳо ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаи математика кори илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 70 таълифоти илмӣ, аз ҷумла як китоби дарсӣ, якчанд дастурҳои таълимиву методӣ, мақолаву фишурдаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Дар конференсия ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ, умумииттифоқӣ ва байналхалқӣ (Ленинград, Москва, Красноярск, Новосибирск, Кишинев, Лвов, Барнаул, Душанбе, Саратов) бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», медали «Хидмати шоиста» (2002) ва ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

  • Корҳои мустақилонаи донишҷӯён, Кӯлоб, 1993;
  • Машқҳо аз геометрияи аналитикӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1999.

Пайвандҳо

вироиш