Сайфи Фарғонӣ
Сайфиддин Муҳаммади Фарғонӣ (форсӣ: سیفالدین محمد فرغانی), маъруф ба Сайфи Фарғонӣ (форсӣ: سیف فرغانی; Фарғона — 1348) — ориф, сӯфӣ ва шоири форс-тоҷики ҳамзамони Саъдии Шерозӣ, муаллифи «Девони ашъор».
Зодгоҳ: | |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1348 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишСолҳои таваллуду вафоти ӯ аниқ нест. Аз навиштааҳояш бармеояд, ки вай дар замони истилои муғул зиндагӣ кардааст. Солҳои 20-уми асри XIII дар водии Фарғона юа дунё омадааст. Сайфиддин Мухаммади Фаргони муосир ва дӯсти Саъдии Шерозист. Солҳои таваллуду вафоти ӯ аниқ нест, аммо аз навиштаҳояш бармеояд, ки вай дар замони истилои мугул ва ё каме баъдтар аз он, замоне, ки «хуни азизон ба сони об равон буд», яъне солҳои 20-уми асри XIII дар водии Фаргона ба дуне омадааст. Сайф баъдтар аз ватан хичрат карда, чанд гоҳ дар Табрез умр ба сар мебарад. Ин воқеа байни солҳои 1262—1284, вакте Шамсиддин Ҷувайнии Сохибдевон вазири элхонон буд, ба вукуъ пайвастааст. Сайф ба Сохибдевон қитъае иншо карда, бо хоҳиши ӯ ба чанд ғазал чавоб гуфтааст. Аз охири солҳои 80-ум то соли 705 ҳиҷрӣ (1305—1306 мелоди) дар Оксарой ном шаҳрчаи Рум ба тангдастӣ зиндагӣ кардани шоир маълум аст. Сабаби аз Табрез рафтани Сайф он аст, ки баъди қатли Ҷувайнӣ тарафдорону наздиконаш ба таъкибот дучор шуданд ва шоир ҳимоятгари худро аз даст дод. Сайф дар Рум бо ноиби элхонон Мучируддин Амиршох робита дошта, аз он чо ба Табрез ба унвони Ғозон (1304) ду нома — қасидаи шикояти фиристодааст. Мухаккикон вафоти Сайфро байни солҳои 1306—1315 тахмин кардаанд. Аз Сайф девони мураттабе дар даст дорем, ки аз қасида, ғазал, қитъа ва рубоӣ иборат буда, кариб 10 500 байтро ташкил медихад.
Аз қасоид
вироиш- Манам ёро, бад-ин сон уфтода,
- Диламро суз дар ҷон уфтода.
- Гами чандин парешонҳол имрӯз
- Дар ин табъи парешон уфтода.
- Бубин дар нони халқ ин каждумонро,
- Чу андар гушт кирмон уфтода.
- Авонон андар ӯ гӯӣ сагонанд,
- Ба соли қаҳт дар нон уфтода
- Хама дар орзуи молу ҷоҳанд,
- Ба чоҳ андар чу курон уфтода.
- Шикам пур карда аз хамру дар ин хок
- Хама дар гил чу мастон уфтода.
- Ту эй бечора, он гах нон хури сер,
- Гар аз ҷӯӣ бад — ин сон уфтода.
- Ки бини дар дахони милк берун
- Сагонро хамчу дандон уфтода.
- Ба чои анбару мушкаш куну ҳаст
- Газанда дар гиребон уфтода.
- Тавонгар, к — аз паи дарвеш доим
- Зараш буди зи домон уфтода.
- Басе мардум зи сармо бар заминанд,
- Чу барф андар зимистон уфтода.
- Дарего, мукнати чандин тавонгар
- Ба дасти ин гадоён уфтода.
- Аз ангушти Сулаймон рафта хотам,
- Вале дар дасти девон уфтода.
- Занонро гуй дар майдони чавгон
- Зи дасти марди майдон уфтода.
- Чу мургон омада дар доми сайёд,
- Чу дона пеши мургон уфтода.
- Ба ахди ин сагон аз бешубонист
- Рама дар дасти сирҳон уфтода.
- Раият гуспанданд, ин сагон гург,
- Хама дар гуспандон уфтода.
- Зи дасту пои ин гарданзанон аст
- Саросар мулк вайрон уфтода!
- Аё мазлуми саргашта, ки хасти
- Чунин махруму хайрон уфтода.
- Зи чаври золимон дар шаҳри хеши
- Ба хорӣ чун гарибон уфтода.
- Агар сабрат бувад рӯзе ду бинӣ:
- Авонон кушта, мирон уфтода.
- Амироне, ки бар ту зулм карданд,
- Ба хорӣ чун асирон уфтода.
- Хар он к — ӯ андар ин хона муким аст,
- Чу девораш ҳамедон уфтода.
- Ҷаҳончуе агар ногах бихезад,
- Басе бини бузургон уфтода.
- Чи медонанд кори давлат ин кавм,
- Ки дар динанд нодон уфтода.
- Кулохи иззат андар пои хори,
- Зи сарҳои азизон уфтода.
- Ба охи чун ту мазлум афсари мулк,
- Зи фарқи точдорон уфтода.
- Гараш гардун сарири мулк бошад,
- Бар ӯ сад моҳи тобон уфтода.
- Зи болои амал дар пастии азл
- Чунин касро хамедон уфтода.
- Ту низ, эй Сайфи Фарғонӣ, чарой
- Хазин дар байтулэхзон уфтода?
- Хам охир дигаре бар чои инон,
- Нишаста дону онон уфтода.
- Дар ин бог ин сапедорони бебар
- Ба боде чун дарахтон уфтода.
- Худо дармон фиристад мардумеро,
- К-аз ин дарданд нолон уфтода.
- Аё ба ҳукм ситам карда бо заифу кавӣ,
- Ту очизиву Худои ҷаҳон кавию кадир…
- Чу навбатат бизананд, эй амир, агар рӯзе
- Раият аз ситамат чун духул кунанд нафир.
- Сари ту чун буни хован ба куфтан шояд,
- Вагар бувад ба масал ҷумла магз чун сари сир.
- Авон саг аст чу дар нияташ ситам бошад,
- Ки оташ аст ва гар шуълае надод асир.
- Ба мавъизат натавонам туро ба роҳ овард,
- Сафолро натавонад, ки зар кунад иксир.
- Ба майли ман нашавад дидаи дилат равшан,
- Ки нур боз наёбад ба сурма чашми зарир.
- Агар бисузӣ, эй хом, пухта хохй шуд,
- Ки нон ба мартаба rax гандум асту гоҳ хамир.
- В-агар ба назди ту хор аст, орифон донанд,
- Ки ман гуле ба ту додам зи бустони замир.
- Худ арчи пир шавад давлаташ ҷавон бошад,
- Агар кабули насихат кунад ҷавон аз пир.
- Ба молу умр агарчй тавонгар асту ҷавон,
- Ба панд додани пирон ғанист чун ту факир.
- Чу ту амир ба ашъори Сайфи Фаргонӣ
- Чу подшоҳ бувад муфтакир ба панди вазир.
- Дар ин давр эхсон нахохем ёфт,
- Шакар дар намакдон нахохем ёфт!
- Ҷаҳон cap ба cap зулму удвон гирифт,
- Дар ӯ адлу эхсон нахохем ёфт.
- Саги одамирӯ вилоят пур аст,
- Касе одамисон нахохем ёфт.
- Ба давре, ки мардум сагӣ мекунанд,
- Дар ӯ гургу чупон нахохем ёфт.
- Таваққӯъ дар ин давр дарди дил аст,
- Дар ӯ роҳати ҷон нахохем ёфт!…
- Шаётин гирифтанд руи замин,
- Кунун дар вай инсон нахохем ёфт.
- Бузургони давлат кироманд, лек
- Карам з-ин «каримон» нахохем ёфт!
- Саховат нишони бузургӣ бувад,
- Вале з-ин «бузургон» нахохем ёфт!
- Вагар з-он ки матлуби мо роҳат аст,
- Дар айёми эшон нахохем ёфт.
Аз ғазалиёт
вироиш- Гуфт: «ҳангоми тулуъ аст, осмоне ёфтам».
- Эй киблаи ҷон , ҳар шаб бар хоки дарат ошиқ
- Чун каъбаравон дода бар руи ҳаҷар буса.
- Чун ҷавфи садаф уро пурдур даҳане бояд,
- В-он гоҳ талаб кардан з-он дурҷи гухар буса.
- Хохй, ки шакар борад аз чашми чу бодомат,
- Рав ойина бин аз худ бистон ба назар буса.
- Чун хоки сари куят оҳанги ҳаво карда
- Бар зарра ба меҳри дил дода маху х(в)ар буса.
- Хар чо ки ту бархезӣ, аз пои ту бистонад
- Занчири сари зулфат чун халқа зи дар буса.
- Лутфат, ки чу андеша ҳад нест канорашро,
- Аз руи ту инъоме дидем, магар буса.
- Сайф ар зи ту мехоҳад буса, ту бар ӯ механд,
- К-аз лаъли ту хам бошад гар хандаю гар буса
- Гар пои ракибонат бусанд муҳиббонат,
- Тарсо зи пайи Иco зад бар суми хар буса.