Имомалӣ Сайёдов
Имомалӣ Дӯсталиевич Сайёдов (тав. 11. 09. 1965, деҳаи Мадовраи ноҳияи Панҷакент), педагог, номзади илмҳои педагогӣ (2000).
Зиндагинома
вироишСолҳои 1982–1989 дар факултети математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намуда, дар ин миён солҳои 1984–1986 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон хидмат кардааст. Солҳои 1989–1993 муаллими математикаи мактаби миёнаи №41 шаҳри Душанбе, 1993 мудири кабинети кафедраи методикаи таълими математика, 1993–1999 ходими хурди илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 2000 дар сохторҳои Вазорати корҳои дохила ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон фаъолият мекунад. Аз соли 2009 дар кафедраи педагогикаи донишгоҳи омӯзгорӣ ба сифати ҳамкор фаъолият дорад. Оид ба тарзҳои истифодаи адабиёти иловагӣ дар раванди тайёрии касбӣ-методӣ кори илмӣ бурдааст.
Осор
вироиш- Формирование ӯ студентов математического факультета умений работать с дополнительной литературой в процессе методической подготовки // Вопросы методики обучения математике. Сб. науч. труд, Д., 1997;
- Обобщенные умения по переработке и применению дополнительной литературы в методической подготовке учителя математики // Вестник педагогического университета (серия естественных наук), Д., 1998, №1.