Сайёра Исоева (Исоева Сайёра Ҷунайдовна; 4 апрел 1933, Панҷакент, вилояти Суғд28 сентябр 2012, Душанбе) — меъмори тоҷик. Меъмори шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1977)[1].

Сайёра Исоева
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 4 апрел 1933(1933-04-04)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 28 сентябр 2012(2012-09-28) (79 сол)
Маҳалли даргузашт

Зиндагинома

вироиш

Институти инженерию сохтмонии шаҳри Ленинградро соли 1960 ба охир расонда, дар Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрострой» ба ҳайси аввал меъмор, баъдан сармеъмори лоиҳаҳо фаъолият доштааст. Асосан ба нақшакашӣ ва сохтмони шаҳракҳои ҷумҳурӣ шуғл варзидааст. Дар лоиҳаҳои таҳиякардааш унсурҳои меъмории миллӣ бартарият доранд. Дар оғози фаъолияти кориаш дар лоиҳаю нақшаҳои забзгардонии шаҳри Душанбе, сохтмону ҷобаҷогузории ҳудудии он, сохтмони шаҳрҳои Орҷонкидзеобод, Панҷакант иштирок намуда, минбаъд дар бунёди шаҳракҳои ноҳияҳои Восеъ, Темурмалик, боғи шаҳрии Ёвон ва дигар иншооти фарҳангию фароғатии ҷумҳурӣ саҳми босазо гузоштааст.

  1. Архитектура советского Таджикистана. — Стройиздат, 1987..

Адабиёт

вироиш
  • Исоева Сайёра Ҷунайдовна // Энсиклопедияи бонувони шинохтаи тоҷик (муаллиф-мураттиб Раъно Мирзоева). — Д., 2021. — С. 204—205. — 520 с. — ISBN 978-999-75-68-20-5.