Сайёфи Мизроб (Сайф Достиев[1]; тав. 25 апрели 1966, Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — рӯзноманигори тоҷик. Муассис, молик ва сардабири ҳафтаномаи «СССР»[2][3].

Сайёфи Мизроб
Сайф Достиев
Сайёфи Мизроб, рӯзноманигори тоҷик.
Сайёфи Мизроб, рӯзноманигори тоҷик.
Таърихи таваллуд: 25 апрел 1966(1966-04-25) (57 сол)
Зодгоҳ: Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият:
Ҷоизаҳо: «Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ» (2012)

Зиндагинома вироиш

Сайф Достиев 25 апрели соли 1966 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи № 6, ба номи А. Рӯдакӣ дар соли 1983 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, солҳои 1984—1986 дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст[4]. Пас аз хидмати ҳарбӣ ба донишгоҳ баргашта, дар соли 1988 ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (Санкт-Петербург) шомил шуда, соли 1991 онро бо ихтисоси журналист хатм кардааст.

Оиладор. Соҳиби 5 фарзанд.

Фаъолияти корӣ вироиш

Солҳои 1991—1992 хабарнигори ҳафтаномаи «Оинаи Зиндагӣ», 1992—1993 хабарнигори ҳафтавори "Тоҷикистон, 1993—1996 хабарнигори «Ҷавонони Тоҷикистон», 1996—1998 хабарнигори «Чархи Гардун», 1998—1999 сардабири ҳафтаномаи «Самар», 1999—2001 муовини сардабири «Ҷавонони Тоҷикистон», 2001—2006 муассис ва директори генералии Маркази информатсионии «Хатлон-Пресс» ва солҳои 1998—2008 хабарнигори Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон буд.

Аз соли 2008 инҷониб муассис ва сардабири ҳафтаномаи «СССР» аст[4].

Китобҳо вироиш

  • «Муштҳои бедорӣ» (2011)[5]
  • «Сафардидаи Маккавӣ» (2012)[6]
  • «Терори ғурур» (2016)[3]

Ҷоизаҳо вироиш

Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ба номи А. Лоҳутӣ дар соли 2012. Дар Рӯзи 100-солагии матбуоти Тоҷик, 12 марти 2012 аз тарафи Президенти ҶТ бо ҷоизаи давлатӣ — медали «Барои Хидмати шоиста» қадрдонӣ шудааст[4].

Эзоҳ вироиш

  1. https://www.facebook.com/saif.dostiev // Саҳифаи фейсбукии Сайёфи Мизроб
  2. Чьи фото увеличивают продажи газет? // Радиои Озодӣ — 2 июли 2016.
  3. 3.0 3.1 Нашри «Терори ғурур»-и Сайёфи Мизроб // Озодагон — 25 апрели 2016
  4. 4.0 4.1 4.2 Сайёфи Мизроб(пайванди дастнорас) // «Фараж» — 17 январи 2013.
  5. Муштҳои бедорӣ(пайванди дастнорас) // СССР — Мо метавонем! — 24 феврали 2016.
  6. Сафардидаи Макавӣ(пайванди дастнорас) // СССР — Мо метавонем! — 24 феврали 2016.

Пайвандҳо вироиш