Муҳаммадалӣ Ҳасан Салими Баҳуполӣ (форсӣ: محمد علی حسن سلیم بهوپالی[1]; 1862 — 1913/23) — тазкиранигор ва шоири форсизабони Ҳиндустон, фарзанди Сиддиқ Ҳасанхон.

Салими Баҳуполӣ

Зиндагинома

вироиш

Салими Баҳуполӣ ба тафсиру ҳадис таваҷҷуҳ дошта, дар панҷсолагӣ омӯзиши Қуръонро сар кард. Сарфу наҳв ва адаби форсиро аз устодонаш Мавлавӣ Муҳаммадайуб, Мавлавӣ Анваралӣ ва Мавлавӣ Илоҳибахши Файзободӣ омӯхтааст. Тазкираи «Нигористони сухан» (1876) ба қалами ӯ тааллуқ дорад, ки такмилаи «Шамъи анҷуман» аст. Китобҳои «Арафа-л-ҷодӣ мин ҳада-л-ҳодӣ» (1878) ва «ан-Наҳҷу-л-мақбул мин шароеъи-р-расул» (1879) низ аз осори Салими Баҳуполӣ мебошанд.

Байти зер аз ӯст:

Ту Калим, нек сурудаӣ, дили мо зи ҷой рабудаӣ
Ба шигарфсанҷии Бедилу ба хуҷастагии мақоли ӯ.

Адабиёт

вироиш