Салтанат Турсунова
Салтанат Турсунова — (соли 1922, ноҳияи Балҷувон 3 ноябри 1987), муаррих, номзади илмҳои таърих (1966), дотсент (1970).
Зиндагинома
вироишСоли 1950 Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1950–1953 директори Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе, 1950–1966 ассистент, муаллими калон, 1966–1970 дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Дар солҳои минбаъда низ то вафоташ ба ҳайси дотсенти кафедраи мазкур кор кардааст. Муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои коллективонии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Бо унвони фахрии «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон», медали «Барои меҳнати шоён», ба муносибати 100 солагии В.И. Ленин, нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи ИҶШС» (1969) ва ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сазовор гардидааст.
Осор
вироиш- Положение женшин в капиталистических странах, Д., 1978.