Самад Асадуллоев
Самад Асадуллоев (Асадуллоев Самад Ҳидоятович; зод. 9 сентябри 1939, Самарқанд) — пизишки амрози дарунӣ ва профпатолог. Дотсент (1983), доктори илми тиб (1998), профессор (2000). «Аълочии нигаҳдории тандурустии СССР», «Аълочии нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон»
Самад Ҳидоятович Асадуллоев | |
Таърихи таваллуд | 9 сентябр 1939 (85 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | тиб |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишСамад Ҳидоятович Асадуллоев дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1957—1963) таҳсил карда соҳиби дипломи духтури табобаткунанда гардидааст: духтури беморхонаи с/зи «Сағирдашт», муд. шуъбаи терапевтии беморхонаи минтақавии н. Қалъаи Хумб (1963-64). С 1964 ба пойтахт баргаштааст: ординатори клиникӣ (1964-65) ва ассис. каф. терапияи фак.-вӣ (1966-83), дотсент (1983—2000), профессори каф. бемориҳои дарунии № 2 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (2000-03). Аз соли 2003 — муд. каф. бемориҳои дарунии № 1 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино. Масъалаҳои бемориҳои касбӣ, амрози дарун, микроэлементҳо аз мавзӯи таҳқ. ӯст. Дар мавзӯи «Миқдори микроэлементҳо дар хуни холиси беморони гирифтори фишори хун, атеросклероз, таъсири муолиҷаи комплексии рагвасеъкунанда ва витаминӣ ба миқдори микроэлеменҳо» рисолаи номз. ва дар мавзӯи «Хусусиятҳои клиникию патогенезии бемории ғалаёни хуни сокинони ноҳияҳои дорои шароити гуногуни табиию иқлимии Тоҷикистон, масъалаҳои табобат ва пешгирӣ» рисолаи док. ҳимоя кардааст. Муаллифи зиёда аз 150 мақолаву асари илмӣ, аз ҷумла ҳаммуаллифи "Клинико — патогенетические особенности некоторых заболеваний у жителей различных природно-климатических регионов РТ. " Международная конференция «Горные регионы Центральной Азии. Проблемы устойчивого развития» (Д., 1999); «Особенности течения бронхиальной астмы в условиях высокогорного Памира». Материалы IV международного конгресса пульманологов Центральной Азии, (Астана, 2004); «О синдроме Картагенера» дар маҷ. «Паёми Сино» № 3, Д., 2007. Бо роҳбарии ӯ се унвонҷӯ рисолаи номз. дифоъ кардааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013, — С. 19 ISBN 978-99947-958-2-6