Самариддини Айниддин

Гадоев Самариддин Айниддинович - Директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон (2012)[1], сармуҳаррири телевизиони Ҷаҳоннамо[2]

Самариддини Айниддин
Гадоев Самариддин Айниддинович
Таърихи таваллуд 20 май и соли 1975

Ҳолнома

вироиш

Самариддини Айниддин - 20 май и соли 1975 — таваллуд шудааст. Маълумоташ - олӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро соли 1998 бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Самариддини Айниддин фаъолияти худро аз соли 2002 дар Телевизиони Тоҷикистон оғоз карда, аз ҳамон сол барномаи иттилоотӣ - иқтисодии «Якшанбе», барномаи иттилоотии - таҳлилии «Тоҷикистон», барномаи иттилоотии «Ахбор», намоишҳои «Субҳ» ва барномаи мустақими «Тамос» - ро аз тариқи Шабакаи якум ба бинандагон муаррифӣ кардааст. Баъди таъсиси Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» соли 2008 ӯро Cармуҳаррири идораи барномаи иттилоотӣ таъйин карданд. Аз январи соли 2012 то октябри ҳамин сол Сармуҳаррири идораи барномаи иттилоотии Ахбори Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Аз соли 2005 узви Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.
  • Аълочии матбуоти Тоҷикистон,
  • дорандаи Ифтихорномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
  • Нишони аълочии телевизион ва радиои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пайвандҳо

вироиш
  • [1](пайванди дастнорас) (дастрас нест 20 январ 2014)

Манобеъ

вироиш

<references>


  1. Гадоев Самариддин Айниддинович - Роҳбарияти Шабакаи Якум (Бойгонии Интернет) https://archive.today/20130706133944/http://www.1tv.tj/tj/%D1%80%D1%83%D0%BA%D0%BE%D0%B2%D0%BE%D0%B4%D1%81%D1%82%D0%B2%D0%BE
  2. Пути мудрости – юмор, парадокс, изменение http://www.tpac.tj/rus/digest/2012/02/puti-mudrosti-yumor-paradoks-izmenenie/ Бойгонӣ шудааст 28 феврали 2013  сол.