Самеъ Азизович Абдувосиев (6.08.1903, гуз. Мотуруди ш. Самарқанд — 01.02.1957 Душанбе) — омӯзгор, олим.

Самеъ Абдувосиев
Самеъ Азизович Абдувосиев
Таърихи таваллуд 6 август 1903(1903-08-06)
Зодгоҳ Самарқанд ҶШС Ӯзбекистон
Таърихи даргузашт 1 феврал 1957(1957-02-01)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Пеша олим

Зиндагинома

вироиш

Самеъ Азизович Абдувосиев дар ш. Самарқанд курси дусолаи муаллимтайёркуниро хатм карда (1921–23), дар мак. ибтидоӣ дарс додааст (1923-1926). Дар Тошканд дар САГУ таҳсил намудааст (1926-1930). Муал. биол. Техн. тоҷ. Тошканд (1931-32), омӯзгори анатомия ва физиологияи ҳайвоноти Мак. олии коммунистии хоҷ. қишл. Тошканд (1932-1935). С. 1936 бо даъвати Комиссариати маор. Тоҷикистон ба Сталинобод (ҳоло – Душанбе) омада, аз фанҳои химия, анатомия ва физиологияи одам дарс гуфтааст(1936-1937). Муал. фанни биология Комбинати педагогии Ғарм (1937-1938), омӯзгори физиологияи одам дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино(1938-1940), омӯзгори кафедраи анатомия ва физиологияи одами ИПС ба номи Т.Г. Шевченко (ДОТ ба номи Т.Г. Шевченко) (1940-1943), ассис. кафедраи физиология ва муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1943-1957). Забонҳои тоҷикӣ, ӯзб., русӣ, тоторӣ, қазоқӣ ва қирғизиро хуб медонист. Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ ҳамчунин бо кори илмӣ машғул шудаааст.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Китобҳои химия, мақолаҳои илмии оммавиро дар бораи хобу хоббинӣ, равоншиносӣ ва очеркҳои илмии сайёҳи машҳур Тур Хейердалро оид ба қитъаҳои гуногуни ҷаҳон аз заб. русӣ ба тоҷикӣ гардонидааст.

  • «Луғати русӣ-тоҷикии биологӣ» (1939),
  • «Луғати нимтафсирии русӣ-тоҷикӣ» (М., 1949),
  • «Луғати русӣ-тоҷикии тиб»-ро (1945) тартиб додааст.

Мақолаҳои зиёди илмӣ – оммавиаш дар маҷ. «Мактаби советӣ» №11, 1947, №3, 1949, «Шарқи сурх», №8, 1953 ба табъ расидаанд. Бо ҷоизаҳои соҳавӣ қадр карда шудааст.

Сарчашма

вироиш