Мирзо Сайидаҳмад Санади Кошонӣ (қарни XVII) — шоири форс-тоҷик.

Санади Кошонӣ

Зиндагинома

вироиш

Ҷузъиёти тарҷумаи ҳоли ин шоир маълум нест. Мувофиқи маълумоти «Тазкираи Насрободӣ» Санади Кошонӣ дар яке аз деҳаҳои Кошон сокин буда, шеъри бисёре гуфтааст. Аз Санади Кошонӣ маснавиҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Қиссаи гувоҳии ду кабк», «Панди дарвеш ба Маҷнун», «Нигористони Чин», «Чоҳи висол» боқӣ мондаанд. Асарҳои мазкур дар як ҷунге ҷамъоварӣ шудаанд, ки зери рақами 2444 дар китобхонаи Донишгоҳи Теҳрон маҳфуз аст.

Адабиёт

вироиш