Санади татбиқи ҳуқуқ
Санади татбиқи ҳуқуқ - санади ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлат ё шахси мансабдори босалоҳият аст, ки вобаста ба ҳолатҳои мушаххаси ҳаёт, нисбати шахсони муайян, бо мақсади аниқ кардани ҳуқуқу уҳдадориҳо ё истифодаи чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ қабул шудааст. Санадҳои татбиқи ҳуқуқ аз ҷониби мақом ё шахси мансабдори босалоҳияти давлат қабул мешаванд, шаклҳои махсуси ифодаи расмӣ доранд (қарор, ҳукм, фармон ва ғайра), фардӣ буда, иҷрояшон ҳатмист. Санадҳои ҳуқуқ татбиқсозиро мақоми қонунгузор, Президент, Ҳукумат, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллӣ, маъмурияти корхона ва муассиса, суд, прокуратура ва ғ. қабул мекунанд. Онҳо ба таври дастаҷамъӣ ё дар алоҳидагӣ қабул шуда, танзимсозанда ва ҳифзкунанда мешаванд. Санадҳои татбиқи ҳуқуқ бояд асосноку қонунӣ ва мувофиқи мақсад бошанд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 410