Сангимаҳмад Сатторов
Сангимаҳмад Одинаевич Сатторов (тав. 14.12.1970, ҷамоати С. Турдиев, н. Ҳамадонӣ) — омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ (2013).
Сангимаҳмад Одинаевич Сатторов | |
Таърихи таваллуд | 14 декабр 1970 (53 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ҳамадонӣ ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Алма-матер | Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов |
Зиндагинома
вироишСангимаҳмад Сатторов хатмкардаи СПТУ 46-и вилояти Волгоград ФР (1989), таҳсил дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов (1993-1997), омӯзгори кафедраи ҳарбии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (1997-2006), афсари калони шуъбаи илмӣ-тадқиқотии Донишкадаи ҳарбии ВМҶТ (2006-2010), омӯзгори кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2010-2016) ва Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода (2016-2019). Аз 2019 то ҳол дар кафедраи педагогика ва психологияи факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад. Дар мавзуи "Ташаккули сифатҳои ахлоқию касбии курсантҳои муассисаҳои олии касбии ҳарбии Тоҷикистон дар раванди таълиму тарбия" рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.