Сангин Гулов
Сангин Гулов (12 июли 1965, ноҳияи Масчо) — рӯзноманигор, номзади илми филология (1997), дотсенти (1998) кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналисткаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.Узви Иттиҳоди журналистони Тољикистон (1994), Аълочии матбуоти Тољикистон ва Аълочии фарҳанги Тољикистон.
Таърихи таваллуд | 12 июл 1965 (59 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Масчо, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | рӯзноманигорӣ |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишСангин Гулов (12.07.1965), зодаи д. Виткони ноҳияи Мастчоҳ. Хатмкардаи факултети филологияи УДТ ба номи В. И. Ленин (1991). Фаъолияти кориаш ба ҳайси рӯзноманигор дар идораи нашрияҳои ҷумҳурӣ оғоз шудааст. Аз ибтидои соли 1992 дар ДМТ ба омӯзгорӣ машғул аст: 1992—1998 — ассистент, 1998—2011 -дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ, аз соли 2011 то марти соли 2016 мудири кафедраи журналистикаи байналхалқӣ. Дар ин миён солҳои 1992—1996 — раиси иттифоқи касаба, 1996—2005 — муовини декани факултаи журналистика ва тарҷумонӣ доир ба таълим, илм ва тарбия, 2007—2008 — декани факултети журналистика, 2009—2010 — сармуҳаррири нашрияи «Ба қуллаҳои дониш», ҳамзамон солҳои 1999—2002 дар Радиои Тољикистон муҳаррири варзида ва дар нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» мухбир буд.
Мураттиби чандин барномаҳои таълимиву дастурҳои методӣ ва китобҳои дастаҷамъӣ барои донишљӯён. Маводи публисистии худро дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзнома ба табъ расонидааст. Дар конфронсу семинарҳои донишгоҳӣ, љумҳуриявӣ ва байналхалқии барпошуда дар шаҳрҳои Душанбе, Бишкек, Москва, Қазон иштирок ва суханронӣ кардаву курсҳои бозомӯзиро дар Русия, Украина, Қирғизистон, ИМА гузаштааст. Барои журналистон дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ чандин курсу семинарҳои омӯзишӣ гузаронидааст.
Осор
вироиш- Жанрҳои журналистикаи радио (васоити таълимӣ, қисми 1, ҳаммуаллиф). — Душанбе, 1997. — 48с.
- Жанрҳои журналистикаи радио (васоити таълимӣ, қисми 2, ҳаммуаллиф). — Душанбе, 2005. — 72с.
- Амвољи сухан (маљмуи мақолаҳои илмӣ). — Душанбе, 2005. — 96 с.
- Таҳсилоти журналистӣ. -Душанбе, 2008, −182 с.
- Риояи меъёрҳои ахлоқи касбӣ дар телевизион (васоити таълимӣ, ҳаммуаллиф). — Душанбе, 2012. — 136с.
- «Бухорои шариф» дар таҳқиқи олимони муосири тоҷик // Журналистикаи байналхалқӣ қ-IV- Душанбе, Мега принт, 2012.-С9-10.мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистка(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 31 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 июни 2020.</ref>