Сангкура[1] (форсӣ: سنگ‌کره‎), сангсипеҳр, литосфера (аз юн. λίθος «санг» + σφαίρα «кура») — қабати сахти Замин. Он аз қишри замин ва мантияи болоии замин то астеносфера иборат аст, ки дар он ҷо суръати мавҷҳои сейсмикӣ кам мешавад, ки ин аз тағйирёбии пластикии сангҳо шаҳодат медиҳад. Дар сохти литосфера минтақаҳои харакаткунанда (камарбанди чиндор) ва платформаҳои нисбатан устувор фарқ мекунанд.

  1. Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ. Сангкура чист? Маънии сангкура(тоҷ.). vazhaju.tj. Вожаҷӯ. 4 феврали 2022 санҷида шуд.