Сангчашма
Сангчашма — деҳа дар ҷамоати деҳоти Алмосӣи ноҳияи Ҳисор. Аз Сангчашма то маркази ҷамоат 6 км, то маркази ноҳия 35 км. Аҳолиаш 1906 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ҳисор |
Ҷамоат | Деҳоти Алмосӣ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1906 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 735020 |
Дар асл Фӯтабоф ном дошт, бо мурури замон Тошбулоқ шуд ва оқибат номи тоҷикияшро ёфт.
Иқтисод
вироишДар замони пеш ҳунармандони деҳа дар бофтани дастор, рӯймол, миёнбанд мумтоз будаанд, инчунин дар ин ҷо корхонаҳои кулолгарӣ, корбофӣ ва дуредгарӣ мавҷуд будаанд. Яке аз устодони ҳамонвақта Эшони Қосим ҳамчун корбоф машҳур мебошад.
Дар Сангчашма мактаби миёна, маркази саломатӣ, мағоза майдони варзишӣ, ва 2 масҷиди панҷвақта мавҷуд аст. Сокинони Сангчашма ба боғдорию чорводорӣ машғуланд[1].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 503—504
Сарчашма
вироиш- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2