Сандуқ - як лавозимоти хона буд он барои захираи ин он чиз истифода мешавад. Сандуқро аз чубу тунука месозанд.

Сандуқ


Сандуқсозӣ яке аз ҳунарҳои анъанавии тоҷикон мебошад, ки бо коркарди чӯбу тунука марбут аст. Тақрибан дар ҳар як хонаи мардуми деҳот ва шаҳр навъҳои сандуқ мавҷуд буда, он яке аз ашёи зарурии рӯзгор маҳсуб меёбад. Сандуқ асбоби рӯзгор, қуттии калоне, ки дар он анҷоми рӯзгор ва дигар чизҳои қмматбаҳоро мегузоранд ва ба болояш кӯрпаву болиштҳоро мегузоранд. Барои сохтани он устоҳо аз чӯбҳои дарахтони беду сафедор истифода мебаранд. Сандуқ аз тахтаҳои пеш, қафо ва поёнӣ иборат буда, ба воситаи мех бо ҳам васл карда мешавад. Усто тахтаҳоро суфтаву ҳамвор намуда, баъдан қисми пеши сандуқро барои гулпартоӣ, ё оро додан тайёр мекунад. Ба қисми пеши сандуқ тунука кашида, онро бо таври дилхоҳ оро медиҳанд. Тунукаро бо мех сарсарӣ кӯфта, дар рӯи он нақшҳои ҳандасӣ ва гулҳоро кашида, ба рўяш ранг мемоланд. Баъзеҳо тунукаро бо мех сӯрох накарда, танҳо тавассути рангҳои гуногун бо таври дилхоҳ нақшҳо кашида, рангу бор мекунанд. Қисми болоии сандуқ баъзан камоншакл буда, бо часпак ба қуттии он пайваст мешавад. Барои бардоштани сандуқ аз ду паҳлӯяш ҳалқа мешинонанд. Аз пеш ба он зулфак барои қуфл кардан насб менамоянд. Ва ниҳоят, бо мақсади аз замин боло истоданаш дар чор гӯшаи қисми поёнаш поя мегузоранд. Устоҳои сандуқсоз танҳо қуттии сандуқро сохта, бо истифода аз технологияи муосир рӯи онро ороиш медиҳанд. Дар гулпартоӣ низ нақшҳои суннатӣ бо тасвирҳои муосир омехта шудаанд.