Саодатхон Азизова (Азизова Саодатхон Абдуқаҳҳоровна; зод. 30 июли 1951, Панҷакент) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2006). Узви Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон (аз 1987).

Саодат Азизова
Азизова Саодатхон Абдуқаҳҳоровна
Таърихи таваллуд: 30 июл 1951(1951-07-30) (72 сол)
Зодгоҳ: Панҷакент
Касб: ҳунарпеша

Зиндагинома вироиш

Саодатхон Азизова 30 июли соли 1951 дар шаҳри Панҷакент ба дунёомадааст. Хатмкардаи ДДОТ (1973). Ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ (1973—1977), Театри мазҳакаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб (1977—1981), Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов (1981—1990), Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавони «Аҳорун» (1990—1998). Аз соли 1998 актёри Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ. Аз с. 2002 дар кафедраи маҳорати актёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дарс медиҳад.

Фаъолият вироиш

Театр вироиш

Саодатхон Азизова актёри соҳибистеъдод буда, ролҳоро самимию табиӣ меофарад, олами ботинии қаҳрамонҳоро бо маҳорати баланд мекушояд. Дар саҳнаи театрҳо ролҳои бисёре офаридааст:

  • Модар («Айбнома»-и Н. Думбадзе),
  • Адиба («Итихоби домод»-и Ҳ. Содиқ),
  • Антигона («Муборизон»-и М. Карес),
  • Соҳибхона («Мӯъҷизаи муқаррарӣ»-и Е. Шварс),
  • Аноргул («Восеъ»-и С. Улуғзода),
  • зани осиёббон («Марги Яздигурд»-и Б. Байзоӣ),
  • Меҳрбону («Шоҳ Исмоили Сомонӣ»-и М. Бахтӣ),
  • Марямбону («Хусрав ва Ширин»-и М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ),
  • зан («Юсуфи гумгашта»-и Ф. Қосимов),
  • Зарема («Охирин хатои Искандар»-и Б. Абдураҳмонов),
  • Регина («Шоҳ Лир-и» У. Шекспир),
  • Муғулхотун («Нангбардори миллат»-и М. Бахтӣ),
  • Хонзода («Бой ва хидматгор»-и Ҳ. Ҳамза),
  • Қаламқош («Дод аз дасти Афандӣ»-и Ғ. Ашӯров ва ғ.

Дар фестивал-озмуни «Парасту» роли зани осиёббон аз намоишномаи «Марги Яздигурд» беҳтарин роли занона дониста шуд.

Синамо вироиш

Саодат Азизова дар кинои тоҷик низ ролҳои ҷолиб офаридааст:

  • Нафиса («Гумон»-и Аброр Зоҳир),
  • зан («Пой дар гил»-и Ғ. Ашӯров),
  • янгаи Меҳрубон («Дар орзӯи падар»-и К. Мирзоев),
  • ҳамсоя («Гумгаштапайдо»-и М. Ғоиб),
  • Гулбибӣ («Пайванд шикаста»-и М. Юсуфӣ),
  • Зилзила («Маҳдӣ»-и С. Афардӣ).[1]

Азизова муаллиф ва муҳаррири барномаи «Дар масири ёдҳо» дар шабакаи якуми телевизион мебошад. Ӯ дар ҳайати эҷодии театрҳо ба Эрон (1992, 1994, 1999, 2000, 2003), Полша (1996), Белгия (1993, 2003), Голландия (2003), Франсия (2003), Россия сафарҳои ҳунарӣ кардааст.

Ҷоизаҳо вироиш

Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» сарфароз гардидааст.

Эзоҳ вироиш

  1. Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе,2012, — 396 с. — ISBN 978-99947-919-4-1.