Саодат Ахиева
Саодат Ахиева (тав. 9.08.1984, ш. Душанбе) — омўзгори фанни сиёсатшиносӣ, номзади илми сиёсатшиносӣ, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019).
Саодат Ахиева | |
Таърихи таваллуд | 9 август 1984 (40 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | сиёсатшиносӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Зиндагинома
вироишСаодат Ахиева хатмкардаи факултети таърих ва ҳуқуқи ДДОТ ба номи С. Айнӣ (2002-2007). Аспирант, мудири кабинет, ассистенти кафедраи сиёсатшиносии ДДОТ ба номи С. Айнӣ (2008-2013). Муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии ДДОТ ба номи С. Айнӣ (2014), мудири кафедраи сиёсатшиносӣ (2015-2017), сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот (2017), директори Маркази илм ва инноватсия (2017-2018) ва мудири бахши магистратураи ДДОТ ба номи С. Айнӣ (аз 2018).