Саодат Камолова
Саодат Камолова (Тав. 01.01.1947, шаҳри Душанбе) — пизишк. Номз. илми тиб. (1987). Узви Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон.
Саодат Камолова | |
Таърихи таваллуд | 1 январ 1947 (77 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | тиб |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино |
Зиндагинома
вироишСаодат Камолова дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил кардааст (1959–1965). Ординатураи клиникӣ (1965–67), ассис. каф. амрози дохила Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1967–1982). Дар мавзӯи «Состояние показателей липидного обмена и центральной гемодинамики ӯ больных систолической гипертонией пожилого возраста при лечении термально-родоновым паром курорта Ходжа-Обигарм» рисолаи номз. дифоъ кардааст (1987). Корм. хурди илмии ИТИ гастроэнтрологияи АИ Тоҷикистон (1990–1996). Аз соли 1996 – директори Маркази башардӯстонаи эҳёи «Одамият». Таҳсил дар ИМА аз рӯи барномаи «Роҳбарии ташкилоти ҷамъиятӣ ва пешдорӣ» (1997) ва сафари корӣ ба Швейтсария, Фаронса, Италия, Люксембург, Лихтенштейн, Австрия, Германия ва диг. кишварҳои Аврупо. Соли 2006 Маркази башардӯстонаи эҳёи «Одамият» ба Иттифоқи Ҷамъиятии «Маркази геронтологии Осиёи Марказӣ» табдил ёфт. Мақсад аз фаъолияти ин ҷамъият ҳалли мушкилоти мардуми солхӯрдаи Тоҷикистон аст.
Фаъолияти илмӣ
вироишМуаллифи беш аз 70 таълифоти илмӣ, тавсияи методӣ ва дастури методӣ барои пизишкон, аз ҷумла, «Лечение сердечно-сосудистых заболевоний ӯ лиц пожилого возраста» (Д., 2005), «Национальное исследование старения населения в Таджикистане» (Д., 2010), «Демографические аспекты старения населения» Д., 2012), «Пособие по психосоциальной и медицинской работе с пожилыми людьми» (Д., 2012) ва дастурҳои методӣ барои мардуми солхӯрда: «Измени себя не изменяя себе» (2003), «Пособие по созданию групп самопомощи пожилыми людьми» (Д.,2012), «Университет третьего возраста» (Д.,2013), «Вы должны жить, а не доживать свой век» (Д., 2014), «Жить здорово – здорово» (Д., 2014) ва ғ.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6