Сарзамини бодиянишинон

«Сарзамини бодиянишинон» [10] ё "Сарзамини кӯчманчиён" ( англ. Nomadland ) — филми ҳунарии амрикоии соли 2020, ки коргардони он Хлое Чжао мебошад, ки сужаи он ба романи мустанади Ҷессика Брюдер дар соли 2017 "Замини кӯчманчиён: зинда мондан дар асри 21 дар Амрико" асос ёфтааст ( англ. Nomadland: Surviving America in the Twenty-First Century ). [11] Филм дар ҷашнвораи 77-уми синамои Венетсия ҷоизаи олиро гирифт [12] . Дар филм нақши асосиро ҳунарпеша Фрэнсис Макдорманд бозидааст.

Сарзамини бодиянишинон
англ. Nomadland
Постери Филм
Жанр драма
Коргардон Хлое Чжао
Таҳиякунанда
Муаллифи
филмнома
Наворбардор
Оҳангсоз
Ширкати синамоӣ Searchlight Pictures[d]
Давомнокӣ 107 дақиқа
Буҷет 5 000 000 $[1]
Ҳазина 9 000 000 $[2][3]
Мамлакат ИМА, Олмон
Забон инглисӣ
Сол 04.12.2020
Филми қаблӣ Кӯдаки волидони ношунаво
Филми баъдӣ Муфтхӯрон
IMDb ID 9770150

Сужа вироиш

Филм дар жанри Роуд-муви дар бораи зиндагии одамоне нақл мекунад, ки хонаҳои худро аз даст додаанд ва маҷбуранд дар Ғарби Иёлоти Муттаҳида дар хонаҳои сайёр бодиянишинӣ кунанд ва рӯзгорашонро пеш баранд. Онҳо маънои ҳастӣ ва як фалсафаи томро дар зиндагии бодиянишин мебинанд. Бисёриҳо имкон доранд, ки ба тарзи ҳаёти муқимӣ баргарданд, аммо наметавонанд. Филм аз сужаҳо дар бораи сарнавишти амрикоиёни кухансоли кӯчманчй иборат аст. [13]

Дар нақшҳо вироиш

Аксари нақшҳои дигарро ҳунарпешаҳои ғайриҳирфавӣ иҷро мекунанд. [14]

Истеҳсолот вироиш

Коргардон Хлое Чжао ва продюссерон Фрэнсес Макдорманд ва Питер Спирс, филмро дар соли 2017 ки ба китоби Ҷессика Брюдер асос ёфтааст, офаридаанд. Пас аз тамошои филми Хлое Чжао "Савора" дар ҷашнвораи байналмилалии филми Торонто (2017), Фрэнсес Макдорманд тасмим гирифт, ки ба ӯ бораи мутобиқ кардани китоби Ҷессика Брюдер муроҷиат кунанд. Онҳо бо Чжао дар маросими 33-юми Ҷоизаҳои "Independent Spirit" дар моҳи марти соли 2018 мулоқот карданд ва Чжао розӣ шуд, ки сенарияро нависад ва филмро коргардон кунад. [15]

Наворбардории филм дар давоми чор моҳ дар тирамоҳи соли 2018 сурат гирифт. Дэвид Стрейтерн ва бодиянишинони ҳақиқӣ Линда Мэй, Сванки ва Боб Уэллс да филм нақш мебозанд. [16]

Дар ҷаҳон вироиш

Нахустнамоиши байналмилалии филм дар ҷашнвораи 77-уми синамои Венетсия баргузор шуд, ки дар он филм ҷоизаи асосиро  — «Шери тиллоӣ» гирифт.[17] . Филм дар ҷашнвораи байналмилалии синамои Торонто соли 2020 ҷоизаи интихоби мардумро ба даст овард. [18] [19] Ин аввалин филмест, ки дар Венетсия ва Торонто ҷоизаи олиро ба даст овардааст. [20]

Филм бо нашри маҳдуд дар ИМА 4 декабри соли 2020 бароварда шуд.

Ҷоизаҳо ва номинатсияҳо вироиш

Филм дар маросими супоридани ҷоизаи Глобуси тиллоӣ дар чаҳор номинатсия пешбарӣ шудааст [21]:

Эзоҳ вироиш

  1. https://web.archive.org/web/20200903013040/https://www.hollywoodreporter.com/features/director-chloe-zhao-arrives-with-hot-oscar-contender-nomadland-and-next-years-eternals
  2. https://web.archive.org/web/20210502185426/https://www.boxofficemojo.com/title/tt9770150/
  3. https://web.archive.org/web/20200720183958/https://m.the-numbers.com/movie/Nomadland#tab=box-office
  4. 11 фільмів, які можуть здобути «Оскара» у 2021 році. vogue.ua/ua/. 19 березня 2021
  5. Оскар 2021: Чотири цвяхи в труну патріархату. povaha.org.ua. 2021
  6. Дороги, які ми обираємо. day.kyiv.ua/uk/. 28 жовтня 2020
  7. Оголошена конкурсна програма Венеційського кінофестивалю. vglcinema.com. 28.07.2020
  8. Це важке, довге, жорстке, безнадійне кіно про війну. 77-й Венеційський міжнародний кінофестиваль став першим великим культурним заходом у Європі після початку пандемії. gazeta.ua. 22 вересня 2020
  9. Український фільм про Донбас отримав нагороду на Венеційському кінофестивалі. 5.ua. 13.09.2020
  10. Українською англійськомовне слово nomads передається саме питомим українським словом кочовики, однак в радянський період України у період русифікації України та так званого "зближення української та російської мови" у найвпливовіший словник СУМ на додачу до питомо українського слова кочовики додали й російське слово кочівники; Хоча в офіційній україномовній локалізації прокатника Kinomania «Земля кочівників» й було використано саме російське слово, однак значна кількість спеціалізованих мистецьких видань переклали назву правильно як Земля кочовиків[4][5][6][7][8][9]
  11. Utichi. ‘Nomadland’ Director Chloé Zhao: Why We Need To “Train Our Minds To Want Less” & The Problem Of Elder Care In America (en-US). Deadline (8 феврали 2021). 15 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 лютого 2021.
  12. Biennale Cinema 2020 | Nomadland(англ.). La Biennale di Venezia (17 July 2020). 15 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 липня 2020.
  13. Mackelden. Frances McDormand's New Movie, 'Nomadland,' Is Coming to Hulu (en-US). Harper's BAZAAR (14 Январ 2021). 15 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 березня 2021.
  14. Kohn. ‘Nomadland’: How Chloé Zhao Made a Secret Road Movie While Becoming a Marvel Director(англ.). IndieWire (8 September 2020). 15 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 вересня 2020.
  15. King. Frances McDormand is the reason that Chloe Zhao made ‘Nomadland’ (en-US). GoldDerby (31 Декабри 2020). 4 марти 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 січня 2021.
  16. FOX SEARCHLIGHT PICTURES ACQUIRES WORLDWIDE RIGHTS TO CHLOÉ ZHAO’S “NOMADLAND” WITH FRANCES MCDORMAND. Searchlight Pictures. 4 марти 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 вересня 2020.
  17. Фільм "Земля кочівників" став володарем "Золотого лева" Венеціанського кінофестивалю(укр.). Інтерфакс-Україна. 15 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 травня 2021.
  18. 'Nomadland' storms Oscar race with TIFF People's Choice Award win(англ.). EW.com. 4 марти 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 жовтня 2020.
  19. Ravindran. Chloe Zhao’s ‘Nomadland’ to Play Venice, Toronto, New York Under Fest Alliance (en-US). Variety (27 июли 2020). 4 марти 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 серпня 2020.
  20. TIFF announces award winning films for 2020(англ.). www.blogto.com. 4 марти 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 жовтня 2020.
  21. Nominations for the 78th Golden Globe Awards (2021) Announced(англ.). www.goldenglobes.com. 15 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 лютого 2021.
  22. «Земля кочевников», Чедвик Боузман и Кэри Маллиган: объявлены победители Critics' Choice Awards 2021. tk.media. 10 березня 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 травня 2021.

Пайвандҳо вироиш