Конститутсияи Тоҷикистон

қонуни асосии кишвари Тоҷикистон
(Тағйири масир аз Сарконуни ЧТ)

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — қонуни асосии Тоҷикистон, ки таърихи 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумӣ қабул карда шуда 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст[1].

Парчам ва нишони Тоҷикистон

Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст:

«Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.»

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Конститутсияи ҶТ

вироиш
  • Боби 1. Асосҳои сохтори конститутсионӣ (моддаҳои 1-13)
  • Боби 2. Ҳуқуқ, озодӣ,вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд (моддаҳои 14-47)
  • Боби 3. Маҷлиси олӣ (моддаҳои 48-63)
  • Боби 4. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 64-72)
  • Боби 5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 73-75)
  • Боби 6. Ҳокимияти маҳаллӣ (моддаҳои 76-80)
  • Боби 7. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (моддаҳои 81-83)
  • Боби 8. Суд (моддаҳои 84-92)
  • Боби 9. Прокуратура (моддаҳои 93-97)
  • Боби 10. Тартиби тағйири конститутсия (моддаҳои 98-100)

Муқаррароти интиқолӣ

вироиш
  1. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз эълони натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ ва аз рӯзи интишори расмиаш эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд.
  2. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки то ворид намудани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекарданд, дар он қисме, ки ба тағйиру иловаҳо мухолиф нестанд, амал мекунанд.
  3. Интихоби пай дар пайи Президент барои ду муҳлат, ки дар қисми чоруми моддаи 65 пешбинӣ шудааст, баъд аз ба охир расидани ваколати Президенти амалкунанда оғоз меёбад.
  4. Судяҳои ҳамаи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то эътибор пайдо кардани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоб ва ё таъйин шудаанд, ваколати худро то анҷоми муҳлаташон нигоҳ медоранд. Баъд аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани тағйиру иловаҳо судяҳо ба муҳлати 10 сол интихоб ва ё таъйин мешаванд.[2]

Раъйпурсӣ 2016

вироиш

22 майи соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

«Мутобиқи моддаи 31-уми Қонуни Конститутсионии ҶТ „Дар бораи раъйпурсии ҶТ“ бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз 23 майи соли 2016 раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоргардида ҳисобида шуд». Ба ҷонибдорӣ аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллион 814 ҳазору 477 нафар раъй додаанд, ки ин рақам 94,5%-ро ташкил медиҳад. 3,3 % раъйдиҳандагон ба муқобили ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия овоз додаанд.[3]

Дар натиҷаи ворид кардани тағйирот, калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, минбаъд танҳо «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» боқӣ монд.[4]

Бузургдошт

вироиш
 
Сиккаи 500 сомонӣ, нуқра тамғаи маҳакаш 925. Ба шарафи 20-солагии Конститутсияи Тоҷикистон
 
Сиккаи 5 сомонӣ, биметалл. Ба шарафи 10-солагии Конститутсияи Тоҷикистон, соли 2004.
 
Сиккаи 5 сомонӣ, нуқра тамғаи маҳакаш 925. Ба шарафи 10-солагии Конститутсияи Тоҷикистон, соли 2004.
 
Сиккаи 5 сомонӣ, биметалл. Ба шарафи 10-солагии Конститутсияи Тоҷикистон, соли 2004.

Нигаред

вироиш

Матни комили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.[5]