Саттор Ғаффоров
Саттор Ғаффоров (тав. 10.08.1956, ноҳияи Панҷакент) — математик, номзади илмҳои физика-математика (1992), дотсент (1974).
Саттор Ғаффоров | |
Таърихи таваллуд | 10 август 1956 (68 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Панҷакент |
Кишвар | Тоҷикистон |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ |
Зиндагинома
вироишСаттор Ғаффоров соли 1974 ба факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дохил шуда, онро соли 1978 хатм намудааст. Солҳои 1978 - 1984 дар ноҳияи Қумсангир (ҳозира Ҷайҳун) ба ҳайси муаллими математика, ташкилотчӣ ва нозири шуъбаи маориф кору фаъолият кардааст. Соли 1985 коромӯзи кафедраи геометрия буд. Аз соли 1986 то 1989 дар филиали ДДО Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко дар ш. Қурғонтеппа (ҳозира Бохтар) ба ҳайси муаллими калон, ҷонишини декани факултаи математика адои вазифа намудааст. Аз ноябри соли 1989 то ноябри соли 1992 аспиранти рӯзонаи Донишгоҳи давлатии ш. Қазон. Соли 1992 рисолаи номзадиро дар мавзуӣ “Структураҳои нимрасандаи тартиби олӣ» ҳимоя намудааст. Аз соли 1992 то 2003 дар кафедраи геометрияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ адои вазифа намудааст. Солҳои 2003-2019 дар факултети математика ва механикаи ДМТ кор карда, аз соли 2020 ба сифати дотсент дар кафедраи геометрия ва математикаи олии ДДОТ ба номи С. Айнӣ фаъолият дорад. Муаллифи 12 дастури методӣ ва 80 мақолаи илмӣ-методӣ аст.
Осор
вироиш- Хатти рост ва ҳамворӣ (ҳаммуаллиф). Д., 1999;
- Назарияи эҳтимолият (ҳаммуаллиф). Д., 2017;
- Математикаи дискретӣ ва мантиқ (ҳаммуаллиф). Д. 2015;
- Математикаи олӣ (ҳаммуаллиф), қисми 1. Д., 2017;
- Математикаи олӣ (ҳаммуаллиф), қисми 2. Д., 2018.
Пайвандҳо
вироишЭнсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ