Исмоил Сафаров

(Тағйири масир аз Сафаров Исмоил)

Исмоил Иброҳимович Сафаров (тав. 20.02.1948, ноҳияи Ваҳдат) — кимёшинос, номзади илмҳои химия (1989), дотсент (1990).

Зиндагинома

вироиш

Соли 1970 факултети биология-химияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1970—1971 коромӯз-тадқиқотчии донишкадаи номбурда буд. Солҳои 1971—1972 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1972—1975 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Институти равандҳои нефтохимияи Академияи илмҳои Озарбойҷон таҳсил кардааст. Солҳои 1975—1993 ҳамчун муаллим, муаллими калон ва дотсенти кафедраи химия ва биологияи органикии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко фаъолият намудааст. Ҳамзамон солҳои 1981—1993 вазифаи муовини декани факултети биология-химия оид ба таълимро ба уҳда дошт. Солҳои 1993—1994 ба ҳайси сармутахассис ва муовини сардори Раёсати таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1995—2007 сардори Раёсати илм, 2007—2009 мудири шуъбаи таҳсил ва ислоҳоти соҳаи маориф кор кардааст. Аз 2009 то ба имрӯз сармутахассиси Шуъбаи таҳсил ва ислоҳоти соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунон аз соли 2000 аъзои Шӯрои эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои таҳсилот ва унвонҳои илмии Кумитаи ҳамгироии иқтисодии Аврупову Осиё (Белорусия, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон), аъзои Шӯрои марказии маърифати экологии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва аз соли 2005 раиси Шӯрои коршиносони фанни биологияи назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Муаллифи зиёда аз 100 корҳои илмӣ ва илмию методӣ аст, ки дар онҳо гурӯҳивазкунии термикии эфирҳои аллилфенилӣ ва дигар масъалаҳои химиявӣ баррасӣ шудаанд. Муаллифи ду китоби дарсӣ ва ду ихтирооти илмӣ аст. Дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо маърӯзаҳо баромад намудааст. Аввали солҳои 80-уми асри ХХ дар татбиқи барномаи илмию техникии умумииттифоқии «Реактив» ширкат варзида, дар муддати чаҳор сол ба ҳосил кардани қариб 50 моддаи нави химиявӣ ноил мегардад, ки як қисмати онҳо ба мундариҷаи каталогҳои умумииттифоқии истеҳсоли реактивҳои химиявӣ дохил шуданд. Бо «Медали нуқра»-и намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ИҶШС, нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1993) ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998) қадр карда шудааст.

  • Химияи органикӣ (китоби дарсӣ барои синфҳои 10, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2006;
  • Экология (китоби дарсӣ барои синфҳои 9, бо ҳамммуаллифӣ), Д., 2006.

Пайвандҳо

вироиш