Сафедгирон
Сафедгирон, рӯймолтиён, даҳонбандон - яке аз маросими пеш аз ҷашни арӯсӣ. Хароҷоти ин бахш бар дӯши падару модари арӯс буда, пас аз додани зиѐфати калон ба тамоми ҳозирин ва ҳамсояҳо пораи матоъ ва ѐ рӯймолчае якҷоя бо пораи нонҳои равғанин, кулчаю қатмол ва ширинӣ тақсим карда мешавад. Ин амал маънои номзад шудани духтар ва бастан даҳони мардумро дорад. Баъди гузаронидани ҳамин бахш дигар хостгорҳо ба хонаи арӯси номзадшуданамеоянд. Маросими Сафедгирон дар Вилояти Суғд, водии Ҳисор, водии Зарафшон фаъол аст.[1][2]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 56
- ↑ ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ (пайванди дастнорас)