Сафедчубак

Барои бозӣ ду чӯбчаи сафеди 30-40 см ва ғафсиаш 2-3 см лозим аст. Дар майдон хат кашида, дастаҳо дар масофаи муайян аз паси хат қатор мешаванд ва довар дар миёна меистад. Бо фармони довар чӯбҳо ба дурӣ партоб мешаванд ва бозигарони дигар баробари ба замин афтидани чӯб ба сӯйи он медаванд, то ки чӯбро гирифта, зудтар оварда, ба довар супоранд Бачаҳои як гӯрӯҳ кӯшиш мекунанд, ки чӯби дастаи ҳарифро кашида гиранд ва боз дуртар партоянд. Дар Рашт, Кӯлоб нимфаъол аст.[1]

Адабиёт вироиш

1. Турсунов Н. Бозиҳои серҳаракати тоҷикӣ. Д., 1961.

2. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.2. Д., 2016.

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 194