Саша Гитрӣ
Саша́ Гитрӣ (фр. Sacha Guitry, номи аслияш Александр Жорж Пйер Гитрӣ; 21 феврал 1885[1][2][3][…], Санкт-Петербург[1] — 24 июл 1957[1][2][3][…], Порис[4]) — ҳунарпеша, коргардон ва драматурги фаронсавӣ.
фр. Sacha Guitry | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | фр. Alexandre-Georges-Pierre Guitry[1] |
Таърихи таваллуд: | 21 феврал 1885[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 24 июл 1957[1][2][3][…] (72 сол) |
Маҳалли марг: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | филмноманавис, намоишноманавис, коргардони филм, коргардони театр, либреттонавис, ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо, муаллиф, коргардон, ҳунарпеша |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0347589 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишПисари ҳунарпеша Люсен Гитрӣ, ки солҳои 1882-90 дар театри Михайловскийи Санкт-Петербург кор кардааст. Аз соли 1900 дар саҳна ва аз 1902 корманди театри «Ренессанс» (Порис). Ба драманависӣ бори нахуст соли 1902 дар театри «Матюрен» иқдом кардааст. Ҳудуди 150 асари саҳнавӣ навиштааст, ки «Жан де Лафонтен» (1916), «Пастер» (1919), «Кадрил» (1937) аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Эҷодиёти Саша Гитрӣ, ки ба фазои хосси ҷашнии Порис фурӯ рафтааст, аз бисёр ҷиҳатҳо сабки театрҳои хиёбониро мушаххас сохт. Аз соли 1917 ба кино ҷалб шуд ва чандин филмро ба саҳна гузошт. Ӯ ҳамчунин муаллиф ва иҷрокунандаи силсилаи барномаҳои радиоӣ роҷеъ ба таърихи Фаронса (1944), Наполеони I (1954) мебошад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 1.6 база данных Léonore (фр.) — ministère de la Culture.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 4.0 4.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #118719432 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ LIBRIS — National Library of Sweden, 2012.
Сарчашма
вироиш- Гитри Саша // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.