Саъдӣ Қаландар

овозхон

Саъди Қаландар (Қаландаров Саъдӣ Саломатшоевич; зод. 3 апрел 1961, Сталинобод) — овозхони тоҷик.[1]

Саъди Қаландар
Таърихи таваллуд 3 апрел 1961(1961-04-03) (63 сол)
Зодгоҳ
Пеша(ҳо) овозхон

Зиндагинома

вироиш

Саъдии Қаландар 3 апрели соли 1961 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев (1978) ва Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро (1986) хатм намудааст.

Корнома

вироиш

Баъди адои хидмат дар Артиши Шӯравӣ (1982—1984) ба ҳайси роҳбари ансамбли тарона ва рақси «Роҳат»-и ш. Душанбе фаъолияташро шурӯъ намуда, солҳои 1987—2004 мутриби Оркестри созҳои миллии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ (1995—2004 ҳамзамон омӯзгори Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев), 2004—2007 омӯзгори мактаби санъати н. Варзоб буд. Аз соли 2008 директори хонаи маданияти ҷамоати Чимтеппаи н. Варзоб мебошад. Аз зумраи ононест, ки дар дамидани руҳи омиёна ба колбуди мусиқии халқии тоҷик саҳм мегузорад, овози гарму баёни нармаш бо сароҳати калом меанҷомад. «Душанбе», «Парӣ», «Ту маро бад магӯ», «Ҷонам фидоят», «Ёди бигзашта», «Надонистам», «Мирам», «Модар», «Тоҷикистон», «Дил гиря мекунад» намунае аз сурудаҳояш ҳастанд.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо медали «Хидмати шоиста» шарафёб гардидааст.

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.