Сақич
Сақич (гуфт. жвачка[1]), саққиз[2] (форсӣ: سقز) — навъе хойидании маснуъӣ аст, ки барои тоза кардани даҳон, бӯбарӣ ё саргармӣ ва мазидан ба кор меравад.
Маводди ташкилдиҳандаи сақичҳои имрӯзи иборатанд аз пояи саққиз (30%), ширинкунандаҳо (59%), ширинкунандаҳои қавӣ (0,5%), нармкунандаҳо (2%), шираи ҷуворӣ (10%), таъмдиҳандаҳо (4%), аҷзои фаъол (5%) ва рангҳои хӯрокӣ.
Таърих
вироишАҷдоди сақичҳои хойиданӣ аз рӯиданиҳои табиӣ сохта мешуданд ва фақат ба думболи чизе барои хойидан буданд. Дар хойиаданиҳои аввалия ба фоидаҳои ғизоӣ, таҳрики иштиҳо, тамиз кардани дандон ё тамиз кардани нафас таваҷҷуҳ намешуд. Дар қадим самғи бадастомда аз қатрони пӯсти дарахти ғонро мехойиданд. Парафин ҳам як пояи сақичи роиҷи дигар буд, гарчи наметавон онро то замоне, ки дар даҳон гарм ва мартуб шавад, хойид.
Пешинаи сақичҳои имрӯзи ба даҳаи 1860 бозмегардад, ҳангоме, ки моддае ба номи чикла (Chicle) тавлид шуд. Садаҳост, ки аз саққич барои тамиз кардани даҳон ё хушбу кардани нафас истифода шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Жвачка // С. А. Кузнецов Большой толковый словарь русского языка. — СПб.: Норинт, 1998.
- ↑ Саққиз чист? Маънои вожаи саққиз(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 2 июли 2019 санҷида шуд.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |