Светлана Герасименко
Герасименко Светлана Ивановна (23 феврали 1945, шаҳрчаи Баришевка, вилояти Киев, Украина) — ахтаршиносӣ шӯравӣ ва тоҷик.
укр. Світлана Іванівна Герасименко | |
Таърихи таваллуд | 23 феврал 1945[1] (79 сол) |
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | ахтаршиносӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои физика ва метаматика[d] |
Алма-матер | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Донишгоҳи миллии ба номи Т. Шевченкои Киев (1968). Якҷо бо корманди Расадхонаи марказии астрономии АИ Украина К. Чурюмов дар Алмаато ҳангоми аксбардорӣ кардани зузанаби Комас-Сола дар акс боз як зузанаби нав мушоҳида гардид, ки ба он номи зузанаби Чурюмов-Герасименко дода шуд. Светлана Герасименко аз соли 1973 то ҳол бо даъвати Институти астрофизикаи АИ ҶТ дар Душанбе зиндагӣ мекунад ва корманди илмии ҳамин пажӯҳишгоҳ мебошад. Светлана Герасименко 2 марти 2004 ҳангоми ба Кайҳон сар додани зонди байнисайёравии «Розетта», ки аз космодроми Гвианаи Фаронса ба сӯи зузанаби Чурюмов-Герасименко парвоз кард, якҷо бо К. Чурюмов иштирок дошт. Зонд 12 ноябри 2014 ба зузанаб фуруд омад. Астероиди № 3945, ки соли 1982 аз тарафи Н. Черних кашф шудааст, номи Светлана Герасименкоро дорад.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Герасименко Светлана Ивановна // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.