Себастиян Куртс (олмонӣ: Sebastian Kurz; тав. 27 августи 1986, Вена, Австрия) — сиёсатмадор ва арбоби давлатии Австрия. Кантслери федералии Австрия аз 18 декабри соли 2017 то 27 майи соли 2019 ва аз 7 январи соли 2020 то имрӯз. Қаблан, ӯ ба ҳайси вазири корҳои хориҷии Австрия кор кардааст (2013—2017)[5]. Раиси Ҳизби Халқии Австрия аз соли 2017[6].

Себастиан Куртс
олмонӣ: Sebastian Kurz[1]
аз 7 январи 2020
Президент Александр Ван дер Беллен
Пешгузашта Бригитте Бирляйн
Ҷонишин Александр Шталленберг
Президент Александр Ван дер Беллен
Пешгузашта Кристиан Керн
Ҷонишин Ҳартвиг Лёгер (и. в.)
Бригитте Бирляйн
аз 14 майи 2017
Пешгузашта Райнҳолд Миттерленер
1 январи 2017 — 18 декабри 2017
Пешгузашта Франк-Валтер Штайнмайер
Ҷонишин Анҷелино Алфано
16 декабри 2013 — 18 декабри 2017
Нахуствазир Вернер Файман
Кристиан Керн
Президент Ҳайнтс Фишер
Александр Ван дер Беллен
Пешгузашта Михаэл Шпинделеггер
Ҷонишин Карин Кнайсл
Таваллуд 27 август 1986(1986-08-27)[2][3][1][…] (38 сол)
Ҳизб
Таҳсилот
Фаъолият сиёсатмадор, диплумот, корофарин ва сиёсат[4]
Эътиқод калисои католикӣ
Соядаст
Ҷоизаҳо
Order of the Republic of Serbia
Вебгоҳ sebastian-kurz.at(олмонӣ)
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Солҳои аввал ва таҳсил

вироиш

Себастян Куртс дар оилаи муҳандис ва муаллим ба дунё омадааст[7] ва дар маҳаллаи 12-уми Вена, Майдлинг ба воя расидааст, ки то ҳол дар он ҷо зиндагӣ мекунад . Ӯ соли 1996 ба гимназияи федералии Эрлгаз дохил шуда, пас аз супоридани имтиҳони ниҳоӣ дар соли 2004, хидмати ҳатмии ҳарбиро дар солҳои 2004—2005 ба итмом расонид. Пас аз он ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Вена дохил шуд . Ҳангоми таъйин шуданаш ба вазифаи котиби давлатӣ оид ба ҳамгироӣ дар соли 2011, ӯ дар семестри сенздаҳуми таҳсилаш буд[8].

Фаъолият

вироиш

Оғози фаъолияти сиёсӣ

вироиш

Куртс дар синни 17-солагӣ ба созмони ҷавонони Ҳизби халқии Австрия пайваст ва дар 23-солагӣ кумитаи онро дар Вена роҳбарӣ кард[9]. Соли 2009 вай раиси созмони ҷавонони ҲХА интихоб шуд. Аз соли 2010 то 2011, Куртс узви Шӯрои шаҳри Вена буд.

Моҳи апрели соли 2011 Куртс ба вазифаи навтаъсиси Котиби давлатии ҳамгироӣ (қисми Вазорати федералии корҳои дохилии Австрия) таъйин карда шуд. Дар интихоботи умумӣ дар Австрия дар соли 2013, ӯ ба Шӯрои Миллии Австрия интихоб шуд.

Вазири корҳои хориҷии Австрия

вироиш

16 декабри соли 2013 Куртс дар кобинаи дуввуми Вернер Файман вазири корҳои хориҷии Австрия таъйин шуд. Ваколатҳои роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Австрия бо дархости Куртс васеъ карда шуда, инчунин масъалаҳои ҳамгироии иҷтимоиро дар бар мегиранд. Дар замони савгандёдкунии худ Себастян Куртс ҷавонтарин вазири ҳукумати Австрия аз замони таъсиси ҷумҳурӣ, ҷавонтарин вазири корҳои хориҷӣ дар Иттиҳоди Аврупо ва ҷаҳон буд.

Ҳамчун вазири корҳои хориҷии Австрия, ӯ аз 1 январ то 18 декабри соли 2017 раёсати САҲА раисӣ мекард[10].

Кантслери федералии Австрия

вироиш
 
Бо президенти Русия Владимир Путин. Москва, 28 феврали 2018
 
Бо Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон. Лондон, 26 феврали 2020

Дар интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ дар Австрия, 15 октябри соли 2017, Ҳизби Халқии Австрия таҳти роҳбарии Куртс мақоми аввалро касб кард. Пас аз натиҷаҳои интихобот Себастян Куртс ба вазифаи канслери федералии Австрия таъйин шуд.

15 декабри соли 2017 Куртс бо Ҳизби рости озодии Австрия созишномаи эътилофӣ ба даст овард, ки мувофиқи он ҳизб портфелҳои вазирони асосии мудофиа, корҳои хориҷӣ ва дохилиро ба даст овард.[11] 18 декабри соли 2017 Куртс савганд ёд кард ва ҷавонтарин сарвари ҳукумати ҷаҳон шуд, ки он замон дар ин вазифа буд.[12]

27 майи соли 2019, парлумони Австрия дар робита бо моҷарои Ибитса-гейт дар бораи эътимод ба Себастян Куртс вотум (қарор) баровард. Аз соли 1945 ин бори аввал аст, ки парлумони кишвар канслерро аз вазифа сабукдӯш мекунад[13]. Рӯзи дигар Куртс қарори истеъфоро қабул кард.[14]

Дар интихоботи қабл аз вақти парлумонии 29 сентябри соли 2019, Ҳизби Халқии Австрия бо роҳбарии Куртс бори дигар пирӯз шуд. 7 январи соли 2020 Куртс бори дуввум ба мақоми канслери федералии Австрия гузашт[15].

Куртс, сарфи назар аз мушкилоти сиёсии ба он алоқаманд, мутобиқи эътиқод ва арзишҳои ахлоқии худ сиёсати ошкорои тарафдори Исроилро пеша дорад[16][17].

Далелҳои ҷолиб

вироиш
  • Себастян Куртс ҷавонтарин кантслер дар таърихи ҳукумати Австрия ва ҷавонтарин роҳбари ҳукумат дар ҷаҳон дар давраи нахустин раҳбарии ин кишвар аст. Вай инчунин бори дуюм аз 7 январи соли 2020 то имрӯз ҷавонтарин раҳбари ҳукумат дар ҷаҳон буд.
  1. 1.0 1.1 1.2 Wer ist Wer
  2. 2.0 2.1 2.2 Sebastian Kurz(австр.)Österreichisches Parlament, 2014.
  3. Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  4. Чешская национальная авторитетная база данных
  5. Austria swears in EU's youngest foreign minister Sebastian Kurz. BBC News (16 December 2013).
  6. Михаил Шейнкман. Прямо по Курцу. И направо. Австрия включила Евросоюзу "обратный отсчет". Радио Sputnik (17 май 2017).
  7. Sebastian Kurz: Prinz Gutgelaunt profil.at vom 13. Dezember 2013. 14 марти 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 октябри 2014.
  8. heute.at Sebastian Kurz: «Ich kenne Strache. Er hetzt.» vom 21. April 2011. 14 марти 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 Январ 2017.
  9. Министром иностранных дел Австрии назначен 27-летний студент юрфака
  10. Австрия становится председателем ОБСЕ(рус.). Актуальные комментарии. 26 Январ 2017 санҷида шуд.
  11. Austria shifts to the right as new coalition deal is struck(англ.). The Guardian (15 December 2017). 19 Декабри 2017 санҷида шуд.
  12. Себастьян Курц — самый молодой канцлер в мире. РИА Новости (18 Декабри 2017).
  13. Австрийский парламент вынес вотум недоверия канцлеру. РИА Новости (27 май 2019).
  14. Курц ушел в отставку. Лента.ру (28 май 2019).
  15. Курц во второй раз стал канцлером Австрии.
  16. Sebastian Kurz has totally shifted Austria’s treatment of Israel. Is it because of a bromance with Benjamin Netanyahu?(англ.)
  17. Себастьян Курц полностью изменил отношение Австрии к Израилю. 14 марти 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 июли 2020.

Пайвандҳо

вироиш