Сергей Аверянов
Сергей Аверянов (Аверянов Сергей Матвеевич; 24.09.1924, ш. Ростов) — сарояндаи оркестр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1963). Дар Омӯзишгоҳи мусиқии ш. Харков хонда, дар муассисаҳои мадании Русияю Украина кор кардааст. Аз соли 1956 солисти ансамбли таронаю рақси нерӯҳои сарҳадии Кумитаи давлатии бехатарии СССР дар Осиёи Миёна буд. Ансамбл баробари фаъолияти асосӣ (иштирок дар параду тантанаҳо, машқу тамринҳои ҳарбӣ) ба мардуми ҷамоҳири Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон хидмати маданӣ мерасонд ва дар тарбияи маданию маърифатӣ ва ватандӯстии одамон саҳм мегузошт. Номрафта аз беҳ-тарин сарояндагони он ба шумор мерафт, таронаҳои ҳарбию ватан-дӯстиро бо маҳорати баланд иҷро менамуд, қобилияти хуби раққосӣ ҳам дошт.
Аверянов Сергей Матвеевич | |
Таърихи таваллуд: | 24 сентябр 1924 (100 сол) |
Касб: | ҳунарпеша |
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.