Сергей Бородин
Сергей Петрович Бороди́н (12 [25] сентябр 1902[1], 8 октябр 1902[2][3] ё 25 октябр 1902[4], Маскав — 22 июн 1974[2][3][4], Тошканд) — нависандаи рус.
Тахаллусҳо: | Amir Sargidžan[2] |
---|---|
Таърихи таваллуд: | 12 (25) сентябр 1902[1], 8 октябр 1902[2][3] ё 25 октябр 1902[4] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 22 июн 1974[2][3][4] (71 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда |
Забони осор: | русӣ[5] |
Ҷоизаҳо: |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Институти олии адабию бадеии ба номи В. Я. Брюсов (1926). Дар экспедитсияҳои бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ (этно-графӣ) ширкат доштааст (1923 — Бухоро, 1925-26 — Самарқанд). Дар Шарқи Дур (1928), Қазоқистон (1929), Тоҷикистон (1931), Арманистон (1933) зиндагӣ карда, барои эҷоди асарҳо мавод ҷамъ овардааст. Аз соли 1951 сокини Тошканд гардид. Нахустин очеркаш соли 1915 (дар 12-солагиаш) ва шеърҳои нахустинаш соли 1922 ба табъ расидаанд. Ҳикояву очеркҳои Сергей Бородин «Мирзо Файёз» (1929), «Човандозон» (1929), «Бозии шатранҷ» (1929), «Шабе дар Анҷири Боло» (1931), «Баҳори Лақай» (1932), «Хирсе дар Ғарм» (1933) ва ғ. дар асоси маводди ҳан-гоми сафари кӯҳистони Тоҷикистон ҷамъовардааш нигошта шудаанд. Дар романҳои Сергей Бородин — «Бухорои вопасин» ва «Пахтаи мисрӣ» (ҳар ду 1932), маҷм. ҳикояҳои «Мусаввири парандаҳо» (1934) падидаҳои ҳаёти нав, дигар-гуниҳои олами маънавии мардум, сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ дар Осиёи Марказӣ инъикос ёфтаанд. Дар романи таърихии «Димитрий Донской» (1941, Мукофоти давлатии СССР, 1942) аз муборизаи халқи рус ба муқобили муғулони истилогар сухан меравад. Ин роман дар тӯли 50 сол (аз 1941 то 1994) дар муассисаҳои нашаротии ИҶШС ва Русия беш аз 25 бор ба теъдоди беш аз 1 млн нусха чоп гардидааст. Ба қалами Сергей Бородин романи сегонаи «Ситораҳо дар осмони Самарқанд» (1953-74, тарҷ. тоҷикӣ — 1961) тааллуқ дорад. Сергей Бородин дар ҳаёти адабию мадании Тоҷикистон ширкат дошт. Тарҷумаи романҳои С. Айнӣ «Ёддоштҳо» ва «Ғуломон» ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Ба нашри русии «Мактаби куҳна»-и устод С. Айнӣ сарсухан навиштааст. Сергей Бородин ҳамчунин бо но-ми «Айнӣ» очерке эҷод карда, ақидаҳои худро оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии С. Айнӣ иброз доштааст.
Ҷоизаҳо
вироишБо ду орден ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #126112908 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Архив изобразительного искусства — 2003.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 Русская литература XX века. Прозаики, поэты, драматурги (рус.) / под ред. Н. Н. Скатов — 2005. — С. 269—270. — ISBN 5-94848-245-6
- ↑ CONOR.Sl
Адабиёт
вироиш- Бородин Сергей Петрович // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.