Сергей Иванович Вавилов

Сергей Иванович Вавилов (24.03.1891, Маскав – 25. 01.1951, ҳамон ҷо), физик, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, акад. АИ ИҶШС (1932) ва узви Президиуми АИ ИҶШС (1935–38).

Сергей Иванович Вавилов
Сергей Иванович Вавилов
Таърихи таваллуд 24 март 1891(1891-03-24)
Зодгоҳ Маскав, Русия
Таърихи даргузашт 25 январ 1951(1951-01-25) (59 сол)
Маҳалли даргузашт Маскав
Кишвар  Русия
Фазои илмӣ физика
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер
Шогирдон Ilya Frank[d], Pavel Cherenkov[d], Сергей Вернов, Valentin Fabrikant[d], Pyotr Feofilov[d], Emmanuel Adirovich[d], Anton Sevchenko[d], Vsevolod Antonov-Romanovsky[d], Aleksey Bonch-Bruyevich[d], Андрей Власов, Mikhail Galanin[d], Vadim Lyovshin[d], Nikita A. Tolstoy[d], Vasily Fursov[d], Nikolaï Alekseïevitch Dobrotine[d] ва Q109487180?
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945» Medal "In Commemoration of the 800th Anniversary of Moscow"
State Stalin Prize, 1st degree Stalin Prize, 2nd degree
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Вавилов С.И. баъди хатми Университети Маскав (1914) дар хидмати ҳарбӣ (1914–18) буд. Солҳои 1918–32 муаллим ва мудири кафедраи физикаи умумии Университети Маскав (аз 1929 профессор), сипас, директори Институти физикаи АИ ИҶШС (1932) ва роҳбари илмии Институти давлатии оптика (1932–45), президенти АИ ИҶШС (1945–51) ва раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии кори АИ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ буд. Корҳои илмии Вавилов С.И. ба оптика (люминессенсия, флуорессенсия, хосияти квантии рӯшноӣ ва ғайра), фалсафаи табиатшиносӣ ва таърихи физика бахшида шудаанд. Бо роҳбарии ӯ П. А. Черенков шуоъафкании моеоти софро таҳти таъсири β ва γ – шуоъафкании моддаҳои радиофаъол (нигар Шуоъафкании Черенков – Вавилов) кашф кард (1934). Вавилов С.И. дар китоби «Микросохтори рӯшноӣ» (1950) ба соҳаи нави оптика – микрооптика асос гузошт. В. инчунин асосгузори оптикаи ғайрихаттӣ, ташкилкунандаи чандин мактабҳои физикҳо мебошад. Дар фаъолияти Вавилов С.И. тарғиби донишҳои илмӣ дар байни омма мавқеи хосса дорад. Ӯ яке аз ташаббускорони ташкил кардани ҷамъияти умумииттифоқии «Дониш» ва аввалин раиси ин ҷамъият (1947), инчунин (аз соли 1949) сармуҳаррири нашри 2-юми «Большая Советская Энциклопедия» (Энсиклопедияи Бузурги Шӯравӣ) буд. Солҳои ҶБВ (1941–45) Вавилов С.И. вакили фавқулодаи Комитети давлатии мудофиа таъйин мешавад. Бо роҳбарии ӯ асбобҳои наве сохта шуданд, ки бо онҳо Артиш ва Флоти Шӯравӣ мусаллаҳ гардид. Депутати Совети Олии ИҶШС (1946, 1950). Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1943, 1946 ва 1951 баъди вафот). Бо 2 ордени Ленин ва ордени Байрақи Сурхи Меҳнат сарфароз гардидааст. Ба Институти давлатии оптика (дар Санкт-Петербург) номи Вавилов С.И. дода шудааст. Ба номи Вавилов С.И. инчунин медали тило таъсис ёфтааст (1951), ки ҳар сол барои корҳои барҷастаи илмии соҳаи физика дода мешавад.

  • Вавилов С.И.Собрание сочинений, М., 1952–1956.

Адабиёт

вироиш
  • Левшин Л. В., С. И. Вавилов, М., 1960.

Сарчашма

вироиш