Сергей Савелйев
Савелев Сергей Вячеславович (русӣ: Серге́й Вячесла́вович Саве́льев; 7 марти 1959, Маскав) — олими рус, эволютсионист, палеоневролог, доктори илмҳои биологӣ, профессор, мудири лабораторияи рушди системаи асабҳои Институти морфологияи инсони Академияи илмҳои Русия.[3][4]
Сергей Вячеславович Савельев | |
Таърихи таваллуд | 7 март 1959 (65 сол) |
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | биология, эволютсионизм |
Ҷойҳои кор | Институти илмии морфологияи инсон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология[d] |
Алма-матер | |
Маъруф ба | олим, тарғибкунандаи илм, муаллифи консепсияҳои аслии танқидшуда[1][2] |
Вебгоҳ | brainmicroscopy.com |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Аксбардор, узви Иттифоқи эҷодии рассомони Русия, бо медалҳои биринҷӣ, нуқра ва тилоии ИЭР Русия мукофотонида шудааст[5][6].
Зиндагинома
вироишДар шаҳри Маскав таваллуд шудааст, маълумоти олии ғоибонаро дар факултети биология ва химияи Донишкадаи давлатии ғоибонаи омӯзгории Маскав ба номи Ленин[7] (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Маскав). Вай иддао дорад, ки вай дар Пажӯҳишгоҳи майнаи Академияи илмҳои тиббии ИҶШС кор кардааст, аз соли 1984 дар Институти илмии морфологияи инсонии Академияи илмҳои тиббии Русия кор мекунад[8].
Фаъолияти илмӣ
вироишСергей Савелев тӯли 30 сол дар соҳаи морфология ва эволютсияи майна бо таҳқиқот машғул аст. Муаллифи зиёда аз 10 монография, 100 мақолаи илмӣ ва аввалин атласи стереоскопии ҷаҳон аз мағзи сари инсон, ки барои беҳтарин корҳои илмӣ дар мавзӯи «Анатомияи топографӣ ва ҷарроҳии фаврӣ» соли 2001 дипломи мукофотии ба номи В. Н. Шевкуненкои Академияи илмҳои тиббии Русия дода шудааст.[9].
Тӯли солҳои зиёд ӯ патологияи ҷанини системаи асаб ва усулҳои ташхиси онҳоро таҳқиқ кардааст[10][11]. Принсипҳои асосии пайдоиши тамоюлҳои нейрулятсионии рушди системаи асабии одамону ҳайвонот ошкор кардааст. Вай механизмҳои молекулавии рамзгузории маълумоти морфогенетикиро дар системаи асабии ҷанин омӯхтааст. Вай дар асарҳояш назарияи назорати позитсиониро дар бораи инкишофи барвақти ҷанинии майнаи хордадоронро асоснок кардааст, исбот кард, ки дар марҳилаҳои аввали рушд ягон детерминатсияи (муайянкунии) қатъии генетикӣ мавҷуд нест (тақдири ҳуҷайра на аз рӯи геном, балки бо таъсири мутақобилаи биомеханикии ҳуҷайравӣ муайян карда мешавад)[12][13]. Соли 2002, ӯ як монография нашр кард, ки дар он тасвирҳои аслии тамоми ҷанинҳои одамӣ дар рӯзҳои аввали баъди имплантатсия ва давраи нейрулятсионӣ оварда шудаанд.[14]
Ба пайдоиши системаи асаб ва таҳаввулоти он таваҷҷуҳи зиёд бахшидааст, назарияи эволютсионии муҳитҳои гузаришро ҳамчун асоси таҳияи моделҳои нейробиологии пайдоиши хордадорон, хордадорони аввалияи обӣ, амфибияҳо, хазандагон, парандагон ва ширхӯронро пешниҳод кардааст, вай намунаҳои истифодаи қонунҳои нейробиологиро барои азнавсозии роҳҳои эволютсияи муҳрдорон ва бемуҳронро овард. Вай принсипҳои асосии эволютсияи адаптивии (мутобиқшавии) системаи асаб ва рафторро таҳия намуд[15][16].
Вай сабабҳо ва қонунияти эволютсионии рушди мағзи пеш (лот. prosencephalon) ва неокортекси ширхӯронро таҳқиқ кард. Хусусиятҳои морфофунксионалии эволютсияи аввали майнаи приматҳоро тавсиф кард. Дар асоси таҳлили сохтори майнаи гоминидҳо, фарзияҳои нейробиологии пайдоиши бипедализм ва рушди марказҳои ассоциативӣ ва нутқро таҳия кард, қонунияти нейробиологии пайдоиши майнаи одами муосирро муқаррар кард.[17].
Соли 2009, вай усули муайян кардани аломатҳои пинҳоншудаи шизофренияро дар асоси мавҷуд будан ё набудани конкрементҳо ва ковокиҳои холӣ дар эпифиз, таҳия намуд[18].
Соли 2013 вай гурӯҳи кориро оид ба омӯзиши майнаи мамонт сарварӣ кард, ки ба ҳайати он кормандони Институти тадқиқотии морфологияи инсон, Академияи илмҳои тиббии Россия, Академияи илмҳои Якутск ва Институти палеонтологии Академияи илмҳои Русия дохил шуданд. Таҳти роҳбарии ӯ, дар соли 2014, дар ҷаҳон аввалин модели сеченакаи майнаи маммонт сохта шуд[19].
Соли 2014 С. В. Савелев роҳбари илмии озмоиши «Геккон-Ф4» оид ба омӯзиши таъсири микрогравитсия ба рафтори ҷинсӣ, организими ҳайвоноти калонсол ва рушди ҷанинии гекконҳо дар моҳвораи Фотон-М4 буд.
Сергей Савелев муаллифи идеяи сортинги серебралӣ (навъбандии мағзи сар, англ. cerebral sorting) - усули таҳлили қобилияти индивидуалии инсон аз ҷониби сохторҳои майна тавассути таҳия ва истифодаи томографи баландсифат. Идея аз таҷрибаи чандинсолаи ӯ дар омӯзиши ситоархитектоникии қишри мағзи сар ва инчунин дар таҳқиқот оид ба тағйирёбии инфиродии сохторҳои архитектоникӣ ва зеркортикии мағзи сар ва ҷустуҷӯи асосҳои морфологии лаёқатмандии инсон, дар Институти майнаи Академияи Илмҳои Тиббии ИҶШС асос ёфтааст.[20]
Библиография
вироиш- Морфология сознания. в 2 т. — М.: ВЕДИ, 2018. — Т. 1. — 208 с. — ISBN 978-5-94624-054-3
- Изменчивость и гениальность. 3-е изд., стер. — М.: ВЕДИ, 2018. — 144 с. — ISBN 978-5-94624-053-6
- Церебральный сортинг. 2-е изд., испр. и доп. — М.: ВЕДИ, 2018. — 256 с. — ISBN 978-5-94624-051-2
- Церебральный сортинг. — М.: ВЕДИ, 2016. — 232 с. — ISBN 978-5-94624-049-9
- Нищета мозга. 2-е изд., доп. — М.: ВЕДИ, 2016. — 200 с. — ISBN 978-5-94624-048-2
- Изменчивость и гениальность. 2-е изд., доп. — М.: ВЕДИ, 2015. — 144 с. — ISBN 978-5-94624-045-1
- Нищета мозга. — М.: ВЕДИ, 2014. — 192 с. — ISBN 978-5-94624-044-4
- Изменчивость и гениальность. — М.: ВЕДИ, 2012. — 128 с. — ISBN 978-5-94624-041-3.
- Возникновение мозга человека. — М.: ВЕДИ, 2010. — 324 с. — ISBN 978-5-94624-037-6.
- Эмбриональная патология нервной системы. — М.: ВЕДИ, 2007. — 216 с. — ISBN 978-5-94624-032-1.
- Внутриутробное развитие человека: Руководство для врачей. Под ред. А. П. Милованова, С. В. Савельева. — М.: МВД, 2006. — 384 с. — ISBN 5-93649-017-3.
- Атлас мозга человека. — М.: ВЕДИ, 2005. — 400 с. — ISBN 5-94624-022-6.
- Происхождение мозга. — М.: ВЕДИ, 2005. — 368 с. — ISBN 5-94624-025-0
- Стереоскопический атлас мозга человека. — М.: «AREA XVII», 1996. — 352 с.
- Савельев С. В., Негашева М. А. Практикум по анатомии мозга человека. Учеб. пособие для студентов вузов. 2-е изд., перераб. и доп. — М.: ВЕДИ, 2005. — 200 с. — ISBN 5-94624-020-X.
- Стадии эмбрионального развития мозга человека. — М.: ВЕДИ, 2002. — 112 с. — ISBN 5-94624-007-2.
- Сравнительная анатомия нервной системы позвоночных. — М.: ГЭОТАР, 2001. — 272 с. — ISBN 5-9231-0045-2.[21][22]
- Введение в зоопсихологию. — М.: «AREA XVII», 1998. — 292 с.[22]
- Эмбриональное формообразование мозга позвоночных. — М.: МГУ, 1993.[21][22]
Китобҳо оид ба аксбардорӣ
вироиш- Формат: искусство фотографии. — М.: ВЕДИ, 2017. — 128 с. — ISBN 978-5-94624-050-5.
- Тессар: искусство фотографии. — М.: ВЕДИ, 2012. — 144 с. — ISBN 978-5-94624-042-0.
- Апланат: искусство фотографии. — М.: ВЕДИ, 2011. — 112 с. — ISBN 978-5-94624-038-3.
- Дагор: искусство фотографии. — М.: ВЕДИ, 2009. — 100 с. — ISBN 978-5-94624-021-5.
- Времена года: русский ландшафт (фотоальбом). — М.: ВЕДИ, 2008. — 128 с. — ISBN 978-5-94624-036-9.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Академик молочного сахара // Коммерсантъ, 31.10.2018
- ↑ Соколов А. Б. Зачем нужна Академия ВРАЛ // Новая газета. — 01.10.2018. — № 108. — С. 10.
- ↑ Сергей Савельев | Познавательное ТВ(пайванди дастнорас — таърих). 6 май 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 апрели 2016.
- ↑ Московские коллеги помогли амурским палеонтологам изучать кости динозавров, Амур.инфо (24 сентябри 2007). Бойгонӣ шудааст 10 ноябри 2013 сол. Проверено 20 марти 2013.
- ↑ Савельев Сергей Вячеславович | Творческий союз художников России. www.tcxp.ru. 15 ноябри 2015 санҷида шуд.
- ↑ Биография. s-v-saveliev.ru. 15 ноябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 ноябри 2015.
- ↑ Из истории Московского государственного открытого педагогического университета им. М.А. Шолохова(англ.). Главный портал МПГУ. 12 марти 2018 санҷида шуд.
- ↑ SavelyevMozg. С.В.Савельев. Персона грата (25 апрели 2014). 6 марти 2018 санҷида шуд.
- ↑ Савельев С.В. | Стереоскопический атлас мозга человека. www.vedimed.ru. 15 ноябри 2015 санҷида шуд.
- ↑ Патология эмбрионального морфогенеза головного мозга человека(пайванди дастнорас — таърих). Лекариус. 15 ноябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 ноябри 2015.
- ↑ Савельев С.В. | Эмбриональная патология нервной системы. www.vedimed.ru. 15 ноябри 2015 санҷида шуд.
- ↑ НЕЙРУЛЯЦИОННЫЕ ФОРМЫ ПАТОЛОГИИ НЕРВНОЙ СИСТЕМЫ ЧЕЛОВЕКА. Архивировано из первоисточника 14 сентябри 2019.
- ↑ ЭМБРИОНАЛЬНАЯ ПАТОЛОГИЯ МОЗГА(пайванди дастнорас — таърих). library.ua. 15 ноябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 ноябри 2015.
- ↑ Савельев С.В | Стадии эмбрионального развития мозга человека. www.vedimed.ru. 15 ноябри 2015 санҷида шуд.
- ↑ Происхождение мозга как иллюстрация теории эволюции | Наука и жизнь. www.nkj.ru. 15 ноябри 2015 санҷида шуд.
- ↑ Савельев С.В. | Происхождение мозга. www.vedimed.ru. 15 ноябри 2015 санҷида шуд.
- ↑ Савельев С.В. | Возникновение мозга человека | 2-е издание, стереотипное. www.vedimed.ru. 15 ноябри 2015 санҷида шуд.
- ↑ Сумасшедшее открытие. www.mk.ru. 15 ноябри 2015 санҷида шуд.
- ↑ Российские учёные впервые в мире начали исследование мозга мамонта.
- ↑ Савельев С.В. | Изменчивость и гениальность. www.vedimed.ru. 29 ноябри 2015 санҷида шуд.
- ↑ 21.0 21.1 Происхождение мозга как иллюстрация теории эволюции (интернет-интервью). Наука и жизнь (10 июни 2006). 20 марти 2013 санҷида шуд.
- ↑ 22.0 22.1 22.2 Персональный сайт: книги(пайванди дастнорас — таърих). 20 марти 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 марти 2013.
Ҳаволаҳо
вироиш- Сомонаи шахсии С. В. Савелев(пайванди дастнорас — таърих). 16 марти 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 марти 2013.
- Светлана Кузина. Вазн дар ҷомеа аз вазни мағзи сар вобаста аст... (мусоҳиба)(пайванди дастнорас — таърих). Комсомольская правда (22 июли 2010). 20 марти 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 марти 2013.
- Анна Натитник. Ҷомеа оқилонро бадарға мекунад (мусоҳиба)(пайванди дастнорас — таърих). Юнайтед Пресс (Май 2012). 20 марти 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 марти 2013.