Силсиламаротиб
Силсиламаротиб (форсӣ: سلسلهمراتب), иера́рхия (аз юн.-қад. ἱεραρχία) — муҳимтарин усули созмондиҳии сохтори низомҳои мураккаби бисёрзина, ки тартиби мутақобилро байни сатҳҳои мураттаб аз баландтарин ба поинтарин таъмин менамояд.
Тасаввурот дар бораи силсиламаротиб ба ғояи сатҳҳои дохилии сохти низомҳо ва равандҳо асос ёфтааст. Сохторҳо ва вазифаҳои равандҳо дар сатҳҳои болоӣ бар болои сохторҳо ва равандҳои поинӣ бунёд ёфта, танзим ва худсозмондиҳиро таъмин мекунанд.
Мафҳум
вироишМафҳуми «иерархия» нахустин бор аз ҷониби Диониси Ареопагити Дурӯғин (асри 5) дар рисолаҳои «Дар бораи иерархияи осмонӣ» ва «Дар бораи иерархияи калисо» истифода гардидааст ва то садаи XIX барои тавсифи созмони калисои насронӣ истеъмол мешуд.
Мафҳуми «тартиботи силсиламаротибӣ» (чи тавре, ки яке аз раҳбарони ҳаракати низомии садаи XX Л. Фон Берталанфи қайд карда буд), бешубҳа, барои назарияи умумии низом бунёдӣ мебошад... Иерархия ҳам дар сохтор ва ҳам дар вазифаҳо зуҳур мекунад». Сохтани силсиламаротиби низомҳои мураккаб аз он сабаб зарур аст, ки идоракунӣ дар ниҳоди онҳо бо дарёфтан, коркард ва истифодаи иттилооти азим алоқаманд мебошад. Дар сатҳҳои поинӣ иттилооти мушаххасу батафсил истифода мешавад, ки танҳо ҷанбаҳои алоҳидаи амали низомро дар бар мегирад; дар сатҳҳои болотар иттилооти ҷамъбастшудае ворид мегардад, ки шароити амалкарди тамоми низомро тавсиф мекунад ва қарорҳое қабул мешаванд, ки ба куллӣ ба низом тааллуқ доранд.
Ду шакли созмони силсиламаротибӣ вуҷуд дорад: яке, силсиламаротибе, ки ба усули сабабияти устувор асос ёфтааст ва дигаре силсиламаротибе, ки ба усули эҳтимолият бунёд меёбад. Аввалӣ чунин маъно дорад, ки ҳамаи тарафҳои ҳар яке аз сатҳҳои сохторӣ бо тарафҳои дигар сатҳҳо алоқаманданд. Ин шакли созмони силсиламаротибӣ ба равандҳои идораи ҷамъият хос аст. Агар дар коллективҳое, ки дар онҳо усули детерминантсия (муқаррарот)-и дурушт ба роҳ монда шуда, танҳо як нафар дорои ҳуқуқи ташабускорӣ бошад, дар он ҳолат ташаббуси ҳамаи аъзои он пахш мегардад. Гоҳе таҳти мафҳуми силсиламаротиб ҳамин гуна созмонҳои дурушт дар назар дошта мешавад ва ҳамаи низомҳои иҷтимоие, ки пойбанди ин ҳолатанд, номи низомҳои тоталитариро доранд. Хусусияти дуввуми шакли созмонҳои силсиламаротиб дар он зуҳур меёбад, ки унсурҳо, ҳолатҳо ва рафтори онҳо аз якдигар вобаста нестанд ва бо ҳамдигар мувофиқат ва иртиботи мутақобила надоранд. Ҷ. Николис мегӯяд: «Мураккаботи низомҳо устувории онҳоро барбод медиҳад, агар онҳо бо сохтори силсиламаротибӣ маҳдуд карда нашаванд». Усули иерархии ҳар як низом тавони бузурге ба тараққиёти ин низомҳо мебахшад. Ба ақидаи Ҳ. Саймон, аз миёни тамоми низомҳои мураккаб танҳо низомҳои силсиламаротибӣ барои тараққиёт дар ихтиёри худ муҳлати кофӣ доранд.
Мафҳуми силсиламаротиб дар соҳаҳои гуногуни илм дар иртибот бо интишори ғояҳо ва воситаҳои кибернетика ба таври васеъ истифода мешавад, бахусус дар ҷамъиятшиносии Аврупои муосир ба силсиламаротиби эътибор, сармоя, ҳокимият ва назорат ҳамчун ифодаи табақабандии ҷамъият ва нобаробариҳои иҷтимоӣ тадқиқоти зиёде бахшида шудаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Новая философская энциклопедия. В 4-х томах. Т. 2. М., 2010.
Сарчашма
вироиш- Иерархия // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.