Сирингомиелия (аз юн.-қад. σῦριγξ, σῦριγγος — найча ва μυελός — ҳароммағз) — бемории музмини системаи асаб, ки ҳангоми он ҳассосият халал ёфта, дасту пой нимфалаҷ мешавад.

Сирингомиелия
ИхтисосАсабшиносӣ Edit this on Wikidata
Сирингомиелия
МКБ-10 G95.095.0, Q06.406.4
МКБ-9 336.0336.0 742.53742.53
OMIM 272480
DiseasesDB 12769
MedlinePlus 001398
eMedicine neuro/359 
MeSH D013595

Сабабҳои пайдоиш

вироиш

Асоси сирингомиелия аз патологияи инкишофи ҳароммағз иборат аст. Вале ба пайдоиши он омилҳои номусоиди муҳит, алалхусус зарбулат ёфтан таъсири калон мерасонад. Ба сирингомиелия бештар одамоне, ки машғули кори вазнини ҷисмонӣ мебошанд, гирифтор мешаванд. Ҳангоми сирингомиелия дар ҳароммағз бофтаҳои глиозӣ ва дар маркази онҳо ҷавфҳо ташаккул меёбанд. Беморӣ мумкин аст ба мағзи дарозрӯя ва кӯпруки Варолий низ паҳн шавад.

Нишонаҳо

вироиш

Нишонаҳои аввалини беморӣ одатан дар 20 — 40-солагӣ падид меоянд. Дар давраҳои аввал дар гардан, шона ва дастҳо дарди тоқатфарсо пайдо шуда, шабона ва дар мавсими сармо авҷ мегирад. Ҳангоми осеб ёфтани қисми гардану синагии ҳароммағз ҳассосияти дастҳо, китф, қисми болои қафаси сина, сарсина ва тахтапушт нест мешавад. Бемор асари сӯзишу захмро ҳис намекунад, ки изи онҳо дар пӯст аломати муҳимми ташхисӣ аст. Ҳамчунин атрофияи мушакҳо ва нимфалаҷи ангуштон ба мушоҳида мерасад (ба тамоми даст паҳн мегардад).

Табобат

вироиш

Барои табобати сирингомиелия шуоъшифоӣ нафъи калон дорад. Аз доруҳои дигар ва витаминҳо низ истифода карда мешавад. Дар баъзе мавридҳо сирингомиелия зуд хуруҷ ёфта, беморро маъюб месозад.

Сарчашма

вироиш
  • Энсиклопедияи мухтассари тиб