Сироҷуддини Қумрӣ
Сироҷуддини Қумрии Омулӣ (форсӣ: سراجالدین قُمری آمُلی; Омул, Устони Мозандарон — 1228) — шоир, нависанда ва мусиқидони форс-тоҷик, муаллифи «Рисолаи чанг».
Зодгоҳ: | |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1228 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Зиндагинома
вироишСироҷуддини Қумрӣ нимаи дуюми асри XII (байни солҳои 1237—1245) ба дунё омадааст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо ӯ аз аҳли Мовароуннаҳр буда, ҷузъиёти тарчумаи ҳолаш равшан нест. Сироҷуддини Қумрӣ шоири бебоку озодихох буда, ба муҳити дарбор ва хокимону вазирон нафрат доштааст. Шоир дар ашъораш подшоҳони золим, вазирони беинсоф, садрҳои бедиёнат ва амалдорони магрури замонро зери танкид гирифта, бенавоёну камбагалонро ҳимоя кардааст. Сироҷуддини Қумрӣ боре аз авзои ногувори замон ва ахволи сахти одамон ба дод омада, ба хукмрони замон қитъаи шикоят фиристода, ободии замону пойдории салтанатро ба серию пурии халқ вобаста донистааст:
- Сӯйи раият назаре кун аз он-к,
- Мояи шоҳӣ зи раият тавон.
- Мулк, ки сармояи раият надошт,
- Хаймаи бемех бувад бегумон.
Сироҷуддини Қумрӣ дар як шеъри дигараш гуфтааст, ки касрҳои зебову рангини шохон аз хуни дили мазлумону охи пиразанон бунёд ёфтаанд.
- Кулбаи пиразанон карда хароб аз пайи он,
- Ки магар касри ту маъмуру муаммор гардад.
- Дархури оташи сузанда бувад хамчу хашир,
- Гули он хона, ки аз зулм мухаммар гардад.
Сироҷуддини Қумрӣ аввал Сироҷӣ тахаллус мекардааст. Вафоти ӯ тақрибан дар байни солҳои 1235—1240 воқеъ афтодааст. Аз Сироҷуддини Қумрӣ девоне боқист, ки қасидаву ғазал, қитъаву рубоӣ ва тарҷеъбандро фаро гирифта, зиёда аз чор ҳазор байт аст.
Аз қасоид
вироиш- Зулфи ту пардаи рухи қамар аст,
- Лаби ту ғайрати гулу шакар аст.
- Ҳар замоне зи оби дидаи манн
- Гулситони рухи ту тозатар аст.
- Ботароват бувад суман, лекин
- Суманатро таровате дигар аст.
- Лаби ман чист? Манзари ҷон аст,
- Чашми манн чист? Ноири ҷигар аст.
- Сабзаи лаъли обдори туро
- Чашмаи офтоб обх(а)р аст.
- То саҳар мебарад зи рӯйи ту рашк,
- Офтоб оҳи синаи саҳар аст.
- Гул, ки аз бими тири ғамзаи ту
- Дар сафи ҳусн ҷумла тан сипар аст.
- Тозарӯй аз ҳавои он хо каст,
- Ки насими туро дар ӯ гузар аст.
- Зар чу хоҳӣ ту, рӯй пеш орам,
- Ки маро ваҷҳи зар ҳамин қадар аст
- Зар чӣ хиҳӣ ту аз мани дарвеш?
- Чун туро аз ҳазор рӯй зар аст.
- Гӯӣ зар нест мар маро, лекин
- Зари рӯям ба нақд моҳазар аст.
- Обрӯям куҷо бувад рӯзе,
- Ки дилу ҷон чу хок бехатар аст.
- Бӯ, ки давлат кунад ба ман назаре,
- Ки салоҳи харобӣ аз назар аст.
- Ин ки кардам чу муҳра саргардон,
- Ҳалқаи ин сипеҳри бадгуҳар аст.
Аз ғазалиёт
вироиш- Овозаи ҳусни ту ба гулзор баромад
- Аз лолаи дилсухта зинҳор баромад.
- Аз акси ду зулфи ту бунафша зи чаман раст,
- Аз партави рӯйи ту гул аз хор баромад.
- Боди саҳарӣ чини ду зулфат бишикастаст,
- З-ӯ бар ҳама ҷононаи тотор баромад.
- Дар орзуи он лаби ту бо лаби хушкам
- Ин ҷони ба ҷон омада сад бор баромад.
- Гӯӣ ту, ки шуд бар фалак оҳи дили ман,
- К-аз оинаи рӯ-ш хати зангор баромад.
- Бо ҷону дилу симу зар омад ғами ишқат,
- Ҳар кас, ки фурӯ рафт аз ин чор баромад.
- Чун бо ту бароям, ки яке тир зи чашмат
- Во сад алами лашкари ҷаррор баромад.
- Дар ин даврон тани маҳрам наёбӣ,
- Лаби хандон, дили хуррам наёбӣ.
- Ҳамехӯр ишваи ин чархи бадмеҳр,
- К-аз ин оина илло дам наёбӣ.
- Набанд андар ҷаҳон дил, з-он ки аҳдаш
- Чу бунёди ҷаҳон маҳкам наёбӣ.
- Аз ин ду достони даҳр бигрез,
- Ки шодӣ бешу меҳнат кам наёбӣ.
- Дар ин меҳнаткада дилро ба ғам деҳ,
- Ки дилҷӯе буруни ғам наёбӣ.
Аз рубоиёт
вироиш- Эй абри баҳор, хор парвардаи туст,
- В-эй хор, даруни ғунча хун кардаи туст.
- Гул сархушу лола масту наргис махмур,
- Эй боди сабо, ин ҳама овардаи туст.
- Ман май хӯраму ҳар кӣ чу ман аҳл бувад,
- Май хурдани ман ба назди ӯ саҳл бувад.
- Май хурдани ман ҳақ ба азал медонист,
- Гар май нахурам, илми Худо ҷаҳл бувад.