Системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ (ихтисос)

Системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ – яке аз ихтисосҳои ояндадор мебошад, ки дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълим дода мешавад. Донишҷӯён дар ин ҷо кор бо системаҳои ирсол ва қабули сигналҳои аналогӣ, рақамӣ ва оптикиро меомӯзанд. Аз рӯи ин ихтисос дар Донишгоҳҳо асосан муҳандисон ва техникҳои соҳаи алоқаи мобилӣ ва моҳвораӣ тайёр карда мешаванд.

Маълумот вироиш

Кафедраи мазкур аз рӯи ихтисоси 1-45 01 01- “Системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ” мутахасисонро тайёр менамояд. Дар назди кафедра лабораторияҳои “Системаҳои коммутатсионӣ” ва “Системаҳои ирсоли маълумотҳо” амал мекунанд. Дар ин лабораторияҳо донишҷӯёни ихтисосҳои системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ машғулиятҳоро аз фанҳои асосҳои телекоммуникатсия, системаҳои бисёрфунксионалии воридшавӣ ба шабакаи алоқа, теллекоммуникатсия ва шабакаҳо, системаи коммутатсионии рақамӣ, асосҳои диагностикаи системаи телекоммуникатсионӣ, шабакаи маҳаллӣ, системаи идоракунии шабакаи дастрасии ахбор, хадамоти иттилоотии алоқа, лоиҳагирии системаҳои телекоммуникатсионӣ, шабакаи дастраскунии ахбор меомӯзанд ва таҷрибаомӯзии технологӣ бо ин таҷҳизотҳо гузаронида мешаванд.

Адабиёт вироиш

1. Гордиенко, В.Н. Многоканальные телекоммуникационные системы: Учебник для вузов / В.Н. Гордиенко, М.С. Тверецкий. - М.: ГЛТ, 2013. - 396 c.

2. Гордиенко, В.Н. Многоканальные телекоммуникационные системы / В.Н. Гордиенко, М.С. Тверецкий. - М.: ГЛТ, 2013. - 396 c.

Инчунин нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

Манбаъ вироиш

Сомонаи ДДХ